Оғози хизматрасонии кортҳои American Express дар банкоматҳои Спитамен Бонк
30.08.2024
«Мо аз он шодем, ки қабули кортҳои American Express-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, ба дорандагони ин кортҳои имконияти бештари пардохтро фароҳам меорем" - гуфт сардори Департаменти кортҳои бонкии ҶСП "Спитамен Бонк, Исхаков Дилшод.
Истифодабарандагони кортҳои AmEx акнун имкон доранд ба шабакаи банкоматҳои Спитамен Бонк дар Тоҷикистон 24 соат дар як шабонарӯз ва 7 рӯз дар як ҳафта дастрасӣ пайдо кунанд.
American Express як ширкати умумиҷаҳонии пардохтӣ мебошад, ки ба мизоҷон дастрасӣ ба маҳсулот ва муваффақияти тиҷоратро фароҳам меорад. Дар саросари ҷаҳон зиёда аз 140 миллион кортҳои American Express бароварда шудаанд, ки дар 89 миллион нуқтаи дунё истифода мешаванд.