15.08.2024
Тендер оид ба интихоби ташкилоти аудиторӣ барои гузаронидани аудити ҳисоботи молиявӣ барои соли молиявии 2024
ҶСП «Спитамен Бонк» оид ба интихоби ташкилоти аудиторӣ барои аудити ҳисоботи молиявии ҶСП «Спитамен Бонк» мутобиқи меъёрҳои байналмилалии аудит барои соли молиявӣ, ки 31 декабри соли 2024 ба охир мерасад, тендер эълон менамояд.
Ширкатҳои аудиторие, ки дорои иҷозати Бонки миллии Тоҷикистон барои гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии бонкҳо мебошанд, барои иштирок дар ин тендер даъват карда мешаванд.
Барои иштирок дар тендер бояд ба ҶСП Спитамен Бонк маҷмӯи ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- нусхаи нотариалии хуҷҷатҳои таъсисии ташкилоти аудиторӣ бо назардошти тағйироту иловаҳо;
- тавозун ва ҳисобот дар бораи фоидаи ташкилоти аудиторӣ дар санаи охирини ҳисоботӣ;
- лоиҳаи шартнома, ки дар он арзиш, санаи оғоз, нақша ва муҳлати гузаронидан, методологияи аудит нишон дода шудааст.
Дархостҳои тендерӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ, ки мувофиқи тамоми талабот тартиб дода шудаанд, бо аломати “Барои Тендер” дар лифофаҳои муҳршуда, бо имзои роҳбари ширкат ва муҳр ба суроғаҳои зерин: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734064, ш. Душанбе, кӯчаи Б. Ғафуров,45. ҶСП Спитамен Бонк, ё ба почтаи электронии: tender@spitamen.com ирсол карда шаванд