Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Спитамен Бонк” фаъолияташро соли 2008, ҳамчун ташкилоти қарзии хурд “Спитамен Капитал” шурӯъ кардааст. Дар муддати кӯтоҳ ба номи шарики боэътимоди молиявӣ ноил гашта, бо шарофати кори босамари мутахассисон ва рушди устувор, аллакай соли 2014 иҷозатномаи БМТ-ро барои фаъолияти бонкӣ мегирад. 
Таҷрибаи бисёрсолаи кормандон, инкишофи пайваста, боварӣ ба тавонии худ ва ғамхорӣ нисбати мизоҷон Бонкро ба яке аз ташкилотҳои муваффақу боэътимод табдил дод. 
Асрори комёбиҳои бонк равшан аст. Он дар бунёди равобити дарозмуҳлат, шарикона ва судманд бо мизоҷон мебошад. 
oracle.jpg Бонк, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, аз рӯзҳои аввал барои ҷорӣ кардани технологияҳои нави иттилоотӣ кӯшиш менамуд. Ҳамин тавр дар "Спитамен Бонк", аввали соли 2015, низоми автоматикии бонкии Oracle FlexCube ба роҳ монда шуд, ки он яке аз низомҳои боэътимодтарини дунё ба ҳисоб меравад. Ин низом имкон дод, ки вақти хизматрасониро кӯтоҳ карда сифаташро хеле баланд бардоранд, маҳсулоти нав бароранд ё ба он дигаргунӣ ворид созанд ва муҳити ягонаи истеҳсолии бонкиро, бо истифода аз архитектураи модулии муносибу ивазшаванда, барои бонкдории корпоративӣ, фардӣ ва инвеститсионӣ таъмин созанд.  
Имрӯз, Бонк 18 филиал ва 46 МХБ дорад. Миқдори кормандон зиёда аз 900 нафар аст. Маҳсулоту хизматрасониҳои Бонк мувофиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ коркард шудаанд. Яке аз мақсадҳои асосии бонк ин воридсозии технологияҳои нав ва маҳсулотҳои инноватсионӣ баҳри осонгардонии истифодабарии хизматрасониҳои бонкӣ дар зиндагонии ҳаррӯза барои мизоҷон аст. 
Дар моҳи марти соли 2018, Спитамен Бонк ба AmCham (Палатаи тиҷоратии Амрико) аъзо гардид, ки онҳо фаъолияти иштирокчиёнро дар сарзамини кишвар дастгирӣ мекунанд, ба ҷамъияти корӣ платформаҳо барои мубодилаи иттилоот, инчунин ба сармоягузорони потенсиалӣ маълумот дар бораи лоиҳаҳои соҳибкорӣ пешниҳод менамоянд.

Мукофотҳо 


Барои баландсифатӣ ва кордонӣ, моҳи майи соли 2013, кумитаи интихобкунандаи Business Initiative Directions ҶСП ТҚХ “Спитамен Капитал”-ро бо мукофоти байналмилаллии International Arch of Europe (Тоқи Аврупо) дар дараҷаи “Тилло” сарфароз кард. 
Мукофоти боэътибори International Arch of Europe аз соли 1986 дода мешавад. Ин мукофот аз тарафи гурӯҳи “B.I.D.” (Business Initiative Directiones) – пешсафи соҳаи коммуникатсия, яке аз чор ташкилоти мустақили байналмиллалии бонуфуз, ки сифати кори ширкатҳои миллӣ, континенталӣ ва байналконтиненталиро муоина менамоянд, - таъсис дода шудааст.  

----------------------------------------------

Моҳи декабри соли 2013 ҶСП ТҚХ “Спитамен Капитал” мукофоти миллии “Тамғаи соли 2013 – Қуллаи шараф”-ро дар гурӯҳбандии “Ташкилоти қарзии хурд” соҳиб шуд. 
Озмуни ҷумҳуриявии “Тамғаи сол” зери номи “Қуллаи шараф” аз тарафи Вазорати рушди иқтисодиёт ва тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шариконаш, бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда буд. 
Мақсади асосии озмун тарғибу ташвиқи соҳаи муҳофизати ҳуқуқии тамғаҳои тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаянкунии ширкатҳои намунавор, ки брендҳои худро устуворона идора мекунанд ва ҳавасмандкунии ширкатҳо барои инкишофи брендинг буд. 
Барои иштирок дар ин озмун 53 ширкат ариза доданд, ки баъд аз, мувофиқи қоидаҳои озмун, дида баромадани ҳуҷҷаҳои пешниҳодшуда, 44 ширкат интихоб шуд. 

----------------------------------------------
Моҳи декабри соли 2017 дар натиҷаи конкурси “Тамғаи соли 2017”, ки аз тарафи Маркази миллии патенти ҷумҳурӣ гузаронида шуд, ҶСП “Спитамен Бонк”дар номзадии “Фаъолияти Бонкӣ” Ҷоизаи Тиллоиро соҳиб гардид.
Номзадҳои конкурс аз руи шиносои тамға , ки бояд зиёда аз 40% бошанд, баҳо дода шуданд. 
Спитамен Бонк кушиш менамояд сатҳи олии хизматрасониро нигоҳ дорад. Бо ҳамин  мақсад дар бонк алоқа бо мизоҷон тавассути ҳамаи захираҳои дастрас ба роҳ монда шудааст.

----------------------------------------------

unnamed.png

18 декабри соли 2019 дар ҷоизаи «Бренди сол- 2019», ки дар толори консертии Суруш холл баргузор гардид, Спитамен Бонк бо мукофоти баландтарин дар номинатсияи «Беҳтарини Бонк» қадр карда шуд.

Ташкилкунандаи бевосита ва иҷрокунандаи озмун Маркази миллии маълумотдиҳии патентӣ (Идораи патентӣ) мебошад.

Озмун 25- уми сентябри соли 2019 оғоз ёфта буд. Соли ҷорӣ дар номинатсияҳои гуногун 92 бренд, аз ҷумла Спитамен Бонк барои ширкат дар озмун дархост пешниҳод намуда буданд.

----------------------------------------------



Дар моҳи январи соли 2020, агентии байналмилалии рейтингии MicroFinanza Rating (MFR) ба Спитамен Бонк рейтинги ВВВ - * дод, ки нишондиҳандаи барқарории бонк аст. Рейтинги ин категория барои Бонк дар бозори молиявӣ имкониятҳои навро мекушояд.

Баҳодиҳӣ ба ин категория, аз субот, эътимоднокӣ ва вазъи устувори молиявии Спитамен Бонк шаҳодат медиҳад. Рейтинг ба мавқеи устувори молиявии Спитамен Бонк ва сифати баланди портфели қарзии он асос ёфтааст.