Стратегияи мо:

Стратегияи Спитамен Бонк дар солҳои 2020 - 2022

Вазифаи мо:

Таъмини хизматрасониҳои бонкӣ бо сифати баланд ва эътимоднок дар асоси технологияҳои пешрафта бо мақсади васеъ намудани дастрасӣ ба маблағ, мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва инчунин беҳтар кардани сифати зиндагии аҳолӣ. 


Арзишҳои мо:

Таваҷҷӯҳ ба мизоҷон. Хизматрасонии саривақтӣ ва босифат тавассути эҳтиром; дарки талаботи муштариён, инчунин муносибати баробар.

 

Ростқавлӣ ва шаффофият. Ростқавлӣ ва шаффофият нисбат ба худаш, ҳамкорон ва муштариёни Бонк.

    

Маблағгузории масъул. Таъмини мизоҷон бо маълумоти пурра ва шаффоф, инчунин интихоби дурусти маҳсулот ва хизматрасониҳои мувофиқи бонкӣ.

Шиор ва нишони Бонк

Шиори бонк бо вазифаи Бонк вобастагии амиқ дошта, ба шахс мерасонад, ки "Спитамен Бонк" барои беҳтар намудани некуаҳволии мардум хизмат мекунад: Шоиста зиндагӣ намо!

Нишони Бонк:

Нишони Бонк аз ду нимдавраи ягонаи шакли ҳалқа дошта иборат буда, аз беинтиҳо будани раванди тиҷоратӣ шаҳодат медиҳад. Тире, ки дар нишон ба самти боло равона аст, таҷассумгари рушд ва тараққиёти Бонк мебошад. Нишони тиҷоратӣ ва номи “Спитамен Бонк” бо рангҳои тиллоӣ ва нуқрагин ташаккул ёфтаанд.

SpitamenBank Logo.png

Номи ҶСП “Спитамен Бонк” аз исми Спитамен (таърих. форс. Spitamana, таърих. юнон. Σπιταμένη, солҳои 370—328 пеш аз милод), қаҳрамон ва сарлашкари суғдӣ – роҳбари шӯришчиёни Суғду Бохтар, ки зидди Искандари Мақдунӣ солҳои 329 то милод баромад карда буд, гирифта шуда аст.