Кушодани суратҳисоб
аз 0,2%
комиссияи камтарин3 асъор
асъорҳои гуногун0 сомонӣ
интернет-бонкАфзалиятҳо
Ройгон
бо 3 асъор суратҳисобро ройгон мекушоемБосуръат
суратҳисобро фавран мекушоемҚулай
Суратҳисобҳои худро дар интернет-бонкинги қулай идора кунедҲуҷҷатҳои лозима барои кушодани суратҳисоб
Барои кушодани суратҳисоб ба шахсони ҳуқуқӣ, резидент ва ғайри резидент, ҳуҷҷатҳои зерин зарур мешаванд:
- шаҳодатномаи қайди давлатии фаъолияти соҳибкорӣ.
- иқтибос.
- нусхаи оиннома ва ҳуҷҷатҳои муассисӣ.
- нусхаи гувоҳнома дар бораи доштани РМА.
- нусхаи шиноснома ва РМА-и ашхоси масъул.
- нусхаи протокол ё фармони таъинкунандаи роҳбар ва сармуҳосиб.
- корти намунаи имзоҳо ва муҳр – 2 нусха.
- Барои филиал ё намояндагии ғайри резидентон – иҷозатномаи қонунӣ кардашуда (ё гувоҳнома), ки дар намояндагии дипломатии ҶТ дар хориҷа, ё дар намояндагии дипломатии давлати хориҷӣ дар ҶТ, ки ба шахси ғайри резидент барои кушодани суратҳисоб дар давлати хориҷӣ дода шудааст.
Комиссияи камтарин барои хизматрасонии хазинавӣ чанд % аст?
Комиссия барои хизматрасонии хазинавӣ дар хазинаҳои ҶСП "Спитамен Бонк" чунин аст:
- бо асъори миллӣ: 0,2% аз маблағи нақд карда.
- бо асъори хориҷӣ: 0,5% аз маблағи нақд карда.
Комиссия барои интиқоли маблағ чӣ қадар аст?
Комиссия барои интиқоли маблағ аз суратҳисоби мизоҷ, вобаста аз асъори интиқол чунин аст:
- бо Доллари ИМА: 100$;
- бо Юани Чин: 200 юан