Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Тендерҳо
Асосӣ Вазифаҳои холӣ

Кор дар Спитамен Бонк

Ба дастаи орзуҳо ҳамроҳ шав!

Барои чӣ мо?

картинка

Рушди касбӣ

картинка

Дастаи орзуҳо

картинка

Идораи замонавӣ

Роҳбари Департаменти HRarrow
Вазифаҳои асосӣ:
·         роҳбарии самараноки департамент оид ба идоракунии кадрҳо;
·         нигоҳдорӣ ва рушди HR-сиёсат, тартибот ва меъёрҳои амалкунанда;
·         назорати иҷрои расмиёти интихоби кормандон, мутобиқшавӣ, омӯзиш ва баҳогузории онҳо;
·         мониторинг ва таҳлили нишондиҳандаҳои кадрӣ (ҷойивазкунии кормандон, самаранокӣ, рушд);
·         нигоҳдории сатҳи баланди фарҳанги корпоративӣ ва ҷалбшавии кормандон.

  Дониш ва маҳорати касбӣ:
·         донистани қонунгузории меҳнати ҶТ ва санадҳои меъёрие, ки равандҳои кадриро танзим мекунанд;
·         дарки принсипҳои идоракунии стратегӣ бо кадрҳо, банақшагирии кадрӣ ва рушди фарҳанги корпоративӣ;
·         маҳорати истифодаи абзорҳои муосири HR: идоракунии самаранокӣ (KPI), низомҳои баҳодиҳӣ ва рушди кормандон, омӯзиши корпоративӣ;
·         қобилияти кор бо низомҳои HR ва дониши хуби барномаҳои идоравӣ (Excel, Word, PowerPoint).

  Маълумот ва таҷриба:
·         маълумоти олӣ (беҳтараш дар соҳаи идоракунии кадрҳо, психология, иқтисод ё идоракунӣ);
·         таҷрибаи кор дар соҳаи идоракунии кадрҳо на камтар аз 5 сол, аз ҷумла на камтар аз 2 сол дар вазифаи роҳбарикунанда (HRBP, сардори шуъба, директори кадрҳо ва ғ.);
·         таҷрибаи роҳбарии HR-департаменти сохторӣ, ки шуъбаҳои: ҷалб, маъмурияти кадрӣ, омӯзиш ва рушди кормандонро дар бар мегирад.

  Хусусиятҳои шахсӣ:
·         қобилияти роҳбарӣ, илҳомбахшӣ ва рушди даста;
·         сатҳи баланди масъулиятнокӣ ва ташкилотчигӣ ;
·         тафаккури таҳлилӣ ва муносибати системавӣ ба кор;
·         қобилияти барпо кардани муоширати созанда бо роҳбарият ва кормандон дар ҳама сатҳҳо;
·         омодагӣ барои нигоҳдорӣ ва такмили равандҳои HR-и аллакай таъсисёфта.

Шароит ва имкониятҳо:
·         кор дар бонки устувор ва босуръат рушдёбанда;
·         меъёрҳои муосири идоракунии кадрҳо ва равандҳои дақиқу самаранок;
·         имконияти рушди касбӣ ва мансабӣ дар сохтори бонк;
·         музди меҳнати шоиста (пас аз мусоҳиба муайян карда мешавад);
·         бастаи иҷтимоии пурраи мутобиқ ба қонунгузории ҶТ ва сиёсати дохилии бонк;
·         ҷадвали корӣ: аз соати 08:00 то 17:00, панҷ рӯзи корӣ дар ҳафта (5/7);
·         шароити бароҳати кор ва муҳити мусоиди корпоративӣ.
 
Номзадҳои хоҳишманд метавонанд дархости худро ба суроғаи электронии: jobs@spitamen.com бо нишон додани вазифаи “Роҳбари Департаменти HR” дар хати мавзуъ ирсол намоянд.
Эзоҳ: танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯянд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
   

Мутахассис бозоршинос (маркетолог) дар Саридораarrow
Самтҳои асосии фаъолият:
·        гузаронидани тадқиқоти маркетингӣ оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои бонк;
·        таҳия ва навсозии стратегияҳои маркетингӣ;
·        иштирок дар ташаккули бренди бонк ва муаррифии он дар платформаҳои гуногун, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, маъракаҳои таблиғотӣ ва конфронсҳо;
·        таҳия ва татбиқи чораҳо оид ба ҷалби мизоҷони нав ва нигоҳ доштани мизоҷони мавҷуда.

Талаботҳо:
·         таҷриба дар соҳаи маркетинг дар бахши бонкӣ на камтар аз 3 сол;
·         донистани усулҳо ва асбобҳои маркетингӣ ва фурӯш;
·         донистани бозори молиявӣ ва тамоюлҳо;
·         дониши аълои забони русӣ ва қобилияти навиштани матнҳои баландсифат;
·         маълумоти олӣ дар соҳаи маркетинг, иқтисод ё таблиғот.

Сифатҳои шахсӣ:
·         оромӣ дар ҳолатҳои ногувор, бодиққатӣ;
·         фаъолнокӣ/серҳаракатӣ;
·         риояи принсипҳо.

Шартҳо/имкониятҳо:
·         расман бо кор таъмин шудан, мутобиқи КМ ҶТ;
·         имконияти болоравӣ аз рӯи вазифа дар бонки тезтараққикунанда;
·         низоми муносиби музди меҳнат;
·         рӯзи пурраи корӣ.

  Резюмеро ба суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани «Мутахассис бозоршинос» ирсол намоед, ё ин ки анкетаро дар филиал пур карда, супоред.

Эзоҳ: ба суҳбат танҳо ҳамон номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифаи холӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Мутахассиси Департаменти назорати дохилӣ дар Саридораarrow
Уҳдадориҳои асосӣ:
·       гузаронидани санҷиши зерсохторҳои бонк ва тартиб додани ҳисобот оид ба санҷиши гузаронидашуда;
·       гузаронидани санҷиши мутобиқати ҳуҷҷатҳои дохилӣ бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии бонкӣ;
·       таҳлил ва баҳодиҳии хавфҳо, пешниҳоди тавсияҳо ҷиҳати пешгирии онҳо;
·       гузаронидани санҷиши бизнес – равандҳо дар бонк ва пешниҳоди хулосаю тавсияҳо нисбати онҳо;
·       баҳодиҳии самаранокии низоми назорати дохилӣ;
·       тартиб додани ҳисоботҳо барои роҳбарият;
·       мониторинг ва таҳлили амалиётҳо;

Талаботҳои асосӣ:
·       маълумоти олии иқтисодӣ;
·       таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ/аудит ё баҳисобгирии муҳосибӣ на камтар аз 3 сол;
·       хуб донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, аз он ҷумла дастурамалҳои: №171; 176; 247; 257; 204 ; 211; 227; 255; 190; 193; 251
·       Донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”;
·       малакаи кор бо компютер, донистани MS Office ҳатмӣ;
·       маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
·       донистани забони давлатӣ ва русӣ.

Сифатҳои шахсӣ:
·       эътимоднокӣ;
·       покизакорӣ/бодиққатӣ;
·       поквиҷдонӣ, пухтакорӣ;
·       ҳисси баланди масъулиятшиносӣ;
·       банақшагирии масъалаҳо аз рӯи афзалиятнокӣ.

Шартҳо/имкониятҳо:
·       барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;
·       рӯзи пурраи корӣ/реҷаи кории 5/2;
·       шароитҳои мусоиди корӣ;
·       таълими корпоративӣ;
·       эҳтимолияти берун аз ҳудуди шаҳр/вилоят/кишвар ба сафарҳои хизматӣ рафтан.

Резюмеро ба суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани номи вазифа дар хати мавзуъ «Мутахассиси Департаменти назорати дохилӣ», ирсол намоед.
Эзоҳ: барои суҳбат танҳо ҳамон номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифаи холии эълоншуда ҷавобгӯ мебошанд.

Мутахассиси назорати дохилӣ дар ш. Хуҷандarrow
Тавсифи самтҳои асосии фаъолият:

·         гузаронидани санҷиши зерсохторҳои бонк ва тартиб додани ҳисобот оид ба санҷиши гузаронидашуда;
·         гузаронидани санҷиши мутобиқати ҳуҷҷатҳои дохилӣ бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии бонкӣ;
·         таҳлил ва баҳодиҳии хавфҳо, пешниҳоди тавсияҳо ҷиҳати пешгирии онҳо;
·         гузаронидани санҷиши бизнес – равандҳо дар бонк ва пешниҳоди хулосаю тавсияҳо нисбати онҳо;
·         баҳодиҳии самаранокии низоми назорати дохилӣ;
·         тартиб додани ҳисоботҳо барои роҳбарият;
·         мониторинг ва таҳлили амалиётҳо.

  Талабот:

·         маълумоти олии иқтисодӣ;
·         таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ/аудит ё баҳисобгирии муҳосибӣ на камтар аз 3 сол;
·         хуб донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, аз он ҷумла дастурамалҳои: №171; 176; 247; 257; 204 ; 211; 227; 255; 190; 193; 251.
          донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”;
·         малакаи кор бо компютер, донистани MS Office ҳатмӣ;
·         маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
·         донистани забони давлатӣ ва русӣ.

Сифатҳои шахсӣ:

·         эътимоднокӣ;
·         покизакорӣ/бодиққатӣ;
·         поквиҷдонӣ, пухтакорӣ;
·         ҳисси баланди масъулиятшиносӣ;
·         банақшагирии масъалаҳо аз рӯи афзалиятнокӣ.

Шартҳо/имкониятҳо:

·         барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;
·         рӯзи пурраи корӣ/ҷадвали кории 5/2;
·         шароитҳои мусоиди корӣ;
·         таълими корпоративӣ;
·         эҳтимолияти берун аз ҳудуди шаҳр/вилоят/кишвар ба сафарҳои хизматӣ рафтан.

  Резюмеро ба суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани «Мутахассиси назорати дохилӣ ш.Душанбе», ирсол намоед.

  Эзоҳ: барои суҳбат танҳо ҳамон номзадҳое, ки ба талаботҳои ҷойи холии эълоншуда ҷавобгӯ мебошанд, даъват карда мешаванд.
Коромӯз хазиначӣ- бозшумор дар Саридораarrow


Самтҳои асосии фаъолият:

•             бозшуморӣ ва мураттабсозии маблағи нақд мувофиқи дастурамали № 227 БМТ;
•             қабул ва пешниҳод кардани маблағи нақд ба мизоҷон мувофиқи дастурамали № 227 БМТ.

  Талаботҳо:

•             доштани маълумоти олӣ;
•             доштани собиқаи корӣ муҳим нест, аммо афзалият дорад;
•             донистани қонунгузорӣ/дастурамалҳои БМТ оид ба корҳои хазинавӣ;
•             донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
•             донистани малакаҳои компютерӣ.

Сифатҳои шахсӣ:

•              устувории стрессӣ/бодиққатӣ;
•             фаъолнокӣ/серҳаракатӣ;
•             донистани қоидаҳои одоб, дарёфи роҳҳои муошират ва якдигарфаҳмии умумӣ бо одамон.

Шартҳо/имкониятҳо:

•             расман бо кор таъмин шудан, мутобиқи КМ ҶТ;
•             имконияти болоравӣ аз рӯи вазифа дар бонки тезтараққикунанда;
•             низоми муносиби музди меҳнат;
•             рӯзи пурраи корӣ;
•            давраи коромӯзӣ метавонад аз 3 то 9 моҳро дар бар гирад.

Маълумотномаро ба суроғаи электронии: jobs@spitamen.com бо нишон додани номи вазифа дар хати мавзуъ: «Коромӯз хазиначӣ-бозшумор», ирсол намоед, ё ин ки анкетаро дар филиал пур карда, супоред.

Эзоҳ: ба суҳбат танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифаи холӣ ҷавобгӯ мебошанд, даъват карда мешаванд.

Муҳосиб дар филиалҳои (ш. Душанбе)arrow
Уҳдадориҳои асосӣ:

·         мусоидат дар назорат ва ҳисоботи қарзӣ;
·         иҷрои дастурамалҳои марбути Бонки миллии Тоҷикистон;
·         дастгирии бэк – офиси қарзии филиалҳо;
·         баҳисобгирӣ ва назорати амалиётҳои қарзӣ, амалиётҳои хазинавӣ, интиқоли маблағ ва ҳуҷатгузории онҳо;
·         назорат ва мувофиқати ҳуҷҷатҳои пешниҳод кардашуда бо шакл ва мақсади қарз, татбиқи воридоти қарз дар барномаҳо;
·         назорати пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳо аз ҷониби қарзгирон;
·         омода намудани иттилоот барои аудиторҳои берунӣ ва мақомотҳои танзимкунанда дар доираи фаъолияти бэк-офис

  Талаботҳо

·         маълумоти олии иқтисодӣ (молия ва қарз, фаъолияти бонкӣ, муҳосибот, маълумот оид ба тавозун), донишҷуён – хатмкунандагони ихтисосҳои соҳавӣ бо имконияти ба рузи пурраи корӣ;
·         сертификати CAP - бартари дорад;
·         истифодабарандаи бовариноки компютери шахсӣ (Word, Excel) – ҳатмӣ ва барномаҳои бонкӣ;
·         донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ - матлуб аст.

  Сифатҳои шахсӣ:

·         бодиққат/покизакор будан;
·         поквиҷдон ва пухтакор будан;
·         доштани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ;
·         доштани маҳорати бо зудӣ қабул намудани маълумотҳои ҳаҷман калон.

  Шартҳо/имкониятҳо:

·         барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;
·         рӯзи кории пурра/реҷаи кории 5/2.
·         омӯзиши корпоративӣ;
·         имконияти аз рӯи вазифа ва ихтисос боло рафтан дар дохили бонк.

Резюмеро бо суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани “Муҳосиби филиал дар шаҳри___________” ирсол намоед, ё ин ки анкетаро дар филиал пур карда, супоред.

Эзоҳ: ба суҳбат танҳо довталабоне,  ки ба талаботҳои ҷойи холии эълоншуда ҷавобгӯ мебошанд, даъват карда мешаванд.

Муҳандис – техник arrow

Самтҳои асосии фаъолият:

•             мусоидат ба нигоҳдории ҷойҳои кории мизоҷон (аз 200 истифодабарандагон);
•             гузоштан ва омода кардани низомҳои амалиётии Windows;
•             гузоштани таъминоти барномавӣ, қисмҳои таъминкунии барномавӣ;
•             омода кардани таҷҳизотҳо ва хизматрасонии онҳо;
•             дастгирии низомҳои ТИ;
•             кор бо дархостҳо дар ServiceDesk;
•             омӯзиш ва машваратдиҳии истифодабарандагон;
•             гузоштан, омода кардани таҷҳизоти маҳаллии ғайримарказӣ.

  Талаботҳо:

•             маълумоти олии техникӣ - ҳатмӣ;
•             дониши хуби аппаратчигӣ (desktop) ва таъминкунии барномавӣ (MS Windows XP/7/8/10, MS Office 2007-2016);
•             таҷрибаи омода намудани таъминоти барномавии махсусгардонидашуда (бонк-мизоҷ, низомҳои ҳуқуқӣ ва таъминоти барномавии муҳосибот);
•             донистани низоми амалиётии Microsoft дар сатҳи маъмурӣ, замимаи MS Office дар сатҳи истифодабарандаи касбӣ, технологияҳои шабакавӣ дар ҳаҷми нигоҳдории шабакаҳои локалӣ;
•             малака оид ба ташхиси сабабҳои кор накардани таҷҳизот, васл ва кашфи носозиҳо барои низоми амалиётии Microsoft дар пойгоҳҳои корӣ ва ноутбукҳо, ташхиси сабабҳои проблемаҳои шабакавӣ;
•             сертификатҳо афзалият доранд;
•             собиқаи корӣ дар хадамоти ServiceDesk/support ва ё дигар хадамотҳо, ки бо истифодабарандагон муошират карданро дар назар дорад – матлуб аст;
•             собиқаи корӣ бо терминалҳо;
•             малакаи хизматрасонии техникаи чопкунанда ва кор бо таҷҳизоти бисёр функсионалӣ (гузоштани драйверҳо, омода кардани  қисмҳои аппаратҳо, ивазкунии маводҳои хароҷотӣ, тоза ва калибровкакунӣ);
•             донистани маводҳои барномавии  маъмурикунонии компютерии фосилавӣ.

Сифатҳои шахсӣ:

•             дар ҳолатҳои стрессӣ устувор будан, бодиққатӣ;
•             фаъолнокӣ/серҳаракатӣ;
•             Риояи принсипҳо.

  Шартҳо/имкониятҳо:

•             расман бо кор таъмин шудан, мутобиқи КМ ҶТ дар яке бонки муосир ва устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон;
•             сафарҳои корӣ дар дохили шабакаи минтақавӣ бо пардохти хароҷот;
•             омӯзиш барои такмил додани малака ва гирифтани донишҳои нав;
•             реҷаи кори қулай - 5/2;
•             фазои дӯстона ва як дастаи ҳамфикрон.

  Резюмеро ба суроғаи электронии: jobs@spitamen.com бо нишон додани номи вазифа дар хати мавзуъ «Муҳандис – техник» ирсол намоед ё ин ки анкетаро дар филиал пур карда супоред.
 
 Эзоҳ: ба суҳбат танҳо ҳамон номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифаи холӣ ҷавобгӯ мебошанд, даъват карда мешаванд.

Мудири МХБ дар н. Панҷarrow
Вазифаҳои асосӣ:
  • роҳбарӣ кардани фаъолияти МХБ;
  • таъмини ҳамкориҳои судманд ва самаранок дар байни зердастони худ;
  • назорати иҷроиши нақшаҳои МХБ;
  • назорат ва тафтиши кори хазина ва бақияи маблағҳо мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии БМТ ва дохилии Бонк;
  • кушодан ва махкам кардани хазина мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии БМТ ва дохилии Бонк;
  • таъмини ҳамкориҳои судманд ва самаранок бо филиал ва сохторҳои дахлдори Саридора;
  • таъмин намудани риояи интизоми меҳнатӣ аз ҷониби кормандони МХБ;
  • таъмин намудани иҷроиши вазифаҳои хизматии кормандони МХБ, инчунин фармон ва дастурҳои директори филиал ва роҳбарияти Бонк;
  • дар асоси ваколатнома манфиатҳои Бонкро дар ҳама муассисаҳо ва ташкилотҳо намояндагӣ кардан;
  • амалисозии маркетинги корпоративӣ дар МХБ ва таблиғи ҳама маҳсулоти бонк ба мизоҷони эҳтимолии МХБ ва Бонк;
  • мутобиқи ҳуҷҷатҳои дохилии Бонк фаъол ва ғайрифаъол намудани таҷҳизоти муҳофизавӣ ва системаи овоздиҳанда (сигнализатсия).

  Талабот:
  • маълумоти олии иқтисодӣ;
  • ҳадди ақал 3 сол таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ ва ҳадди ақал 2 сол таҷрибаи корӣ дар вазифаи роҳбарикунанда дар сохтори бонк;
  • донистани қонунгузории бонкӣ;
  • кобилияти кор кардан ба таври систематикӣ ва сохторӣ;
  • ҳисси волои масъулиятнокӣ;
  • дорои мантиқи тафаккурёфта;
  • муносибати содиқона ба кормандони бонк ва рақибон;
  • донистани ҳадди ақал 2 забон: тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ;
  • саводнокии компютерӣ.


Шартҳо/имкониятҳо:
  • барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;
  • рӯзи кории пурра/реҷаи кории 5/2;
  • музди маоши арзанда ва бонус;
  • бозомӯзиш (тренинг)-ҳои ройгон чиҳати баланд бардоштани ихтисос/саводнокӣ;
  • имконияти аз рӯи вазифа ва ихтисос боло рафтан.

Лутфан, дархости худро ба суроғаи электронии: jobs@spitamen.com  бо нишон дар хати мавзуъ вазифаи "Мудири МХБ дар _____________" равон кунед.


Эзоҳ: танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯянд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.



Дархост ба вазифаи холӣ

CAPTCHA