Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Дар бораи бонк Таърихи Спитамен Бонк

Таърихи Спитамен Бонк

Таърихи мухтасари бонк, ки ба номи қаҳрамони халқи тоҷик
Спитамен гузошта шудааст

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Спитамен Бонк» фаъолияташро соли 2008, ҳамчун ташкилоти қарзии хурд «Спитамен Капитал» шурӯъ кардааст. Дар муддати кӯтоҳ ба номи шарики боэътимоди молиявӣ ноил гашта, бо шарофати кори босамари мутахассисон ва рушди устувор, аллакай соли 2014 иҷозатномаи БМТ-ро барои фаъолияти бонкӣ мегирад.

Таҷрибаи бисёрсолаи кормандон, инкишофи пайваста, боварӣ ба тавонии худ ва ғамхорӣ нисбати мизоҷон Бонкро ба яке аз ташкилотҳои муваффақу боэътимод табдил дод.

Асрори комёбиҳои бонк равшан аст. Он дар бунёди равобити дарозмуҳлат, шарикона ва судманд бо мизоҷон мебошад.

Бонк, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, аз рӯзҳои аввал барои ҷорӣ кардани технологияҳои нави иттилоотӣ кӯшиш менамуд. Ҳамин тавр дар «Спитамен Бонк», аввали соли 2015, низоми автоматикии бонкии Oracle FlexCube ба роҳ монда шуд, ки он яке аз низомҳои боэътимодтарини дунё ба ҳисоб меравад. Ин низом имкон дод, ки вақти хизматрасониро кӯтоҳ карда сифаташро хеле баланд бардоранд, маҳсулоти нав бароранд ё ба он дигаргунӣ ворид созанд ва муҳити ягонаи истеҳсолии бонкиро бо истифода аз архитектураи модулии муносибу ивазшаванда, барои бонкдории корпоративӣ, фардӣ ва инвеститсионӣ таъмин созанд.

Имрӯз, Бонк 23 филиал ва 57 МХБ дорад. Миқдори кормандон зиёда аз 1000 нафар аст. Маҳсулоту хизматрасониҳои Бонк мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ коркард шудаанд. Яке аз мақсадҳои асосии бонк ин воридсозии технологияҳои нав ва маҳсулотҳои инноватсионӣ баҳри осонгардонии истифодабарии хизматрасониҳои бонкӣ дар зиндагонии ҳаррӯза барои мизоҷон аст.

2008 — 2014
2015 — то ҳол

Арзишҳои мо

Таваҷҷуҳ ба
мизоҷон

картинка
картинка

Хизматрасонии саривақтӣ ва босифат тавассути эҳтиром; дарки талаботи мизоҷон, инчунин муносибати баробар

Ростқавлӣ ва
шаффофият

картинка
картинка

Ростқавлӣ ва шаффофият нисбат ба худ, ҳамкорон ва мизоҷони Бонк

Маблағгузории
масъул

картинка
картинка

Таъмини мизоҷон бо маълумоти пурра
ва шаффоф, инчунин интихоби
дурусти маҳсулот ва
хизматрасониҳои мувофиқи бонкӣ.

Нишондодҳои мо

1 371,4 млн Cомонӣ

Амонатҳои мизоҷон

1 823,1 млн Cомонӣ

Дороиҳо

205,3 млн Cомонӣ

Сармоя

12,4 %

Нишондиҳандаи кифоятии
сармоя

Маблағгузории банақшагирифташуда барои
муштариён дар соли 2024

73,2 %

Таносуби фарогирии пардохтпазирӣ

Нишонҳо ва брендинг

Дар ин саҳифа шумо намудҳои расмии истифодаи нишони Спитамен Бонк, инчунин қисми услуби фирмавиро хоҳед ёфт. Лутфан танҳо файлҳои аслиро истифода баред.

картинка

Мукофотҳои мо

2020 сол

MicroFinanza Rating 2020

Муфассал
2019 сол

Бренди сол — 2019

Муфассал
2013 сол

International Arch of Europe

Муфассал