Барои чӣ мо?
Рушди касбӣ
Дастаи орзуҳо
Идораи замонавӣ
· роҳбарии самараноки департамент оид ба идоракунии кадрҳо;
· нигоҳдорӣ ва рушди HR-сиёсат, тартибот ва меъёрҳои амалкунанда;
· назорати иҷрои расмиёти интихоби кормандон, мутобиқшавӣ, омӯзиш ва баҳогузории онҳо;
· мониторинг ва таҳлили нишондиҳандаҳои кадрӣ (ҷойивазкунии кормандон, самаранокӣ, рушд);
· нигоҳдории сатҳи баланди фарҳанги корпоративӣ ва ҷалбшавии кормандон.
Дониш ва маҳорати касбӣ:
· донистани қонунгузории меҳнати ҶТ ва санадҳои меъёрие, ки равандҳои кадриро танзим мекунанд;
· дарки принсипҳои идоракунии стратегӣ бо кадрҳо, банақшагирии кадрӣ ва рушди фарҳанги корпоративӣ;
· маҳорати истифодаи абзорҳои муосири HR: идоракунии самаранокӣ (KPI), низомҳои баҳодиҳӣ ва рушди кормандон, омӯзиши корпоративӣ;
· қобилияти кор бо низомҳои HR ва дониши хуби барномаҳои идоравӣ (Excel, Word, PowerPoint).
Маълумот ва таҷриба:
· маълумоти олӣ (беҳтараш дар соҳаи идоракунии кадрҳо, психология, иқтисод ё идоракунӣ);
· таҷрибаи кор дар соҳаи идоракунии кадрҳо на камтар аз 5 сол, аз ҷумла на камтар аз 2 сол дар вазифаи роҳбарикунанда (HRBP, сардори шуъба, директори кадрҳо ва ғ.);
· таҷрибаи роҳбарии HR-департаменти сохторӣ, ки шуъбаҳои: ҷалб, маъмурияти кадрӣ, омӯзиш ва рушди кормандонро дар бар мегирад.
Хусусиятҳои шахсӣ:
· қобилияти роҳбарӣ, илҳомбахшӣ ва рушди даста;
· сатҳи баланди масъулиятнокӣ ва ташкилотчигӣ ;
· тафаккури таҳлилӣ ва муносибати системавӣ ба кор;
· қобилияти барпо кардани муоширати созанда бо роҳбарият ва кормандон дар ҳама сатҳҳо;
· омодагӣ барои нигоҳдорӣ ва такмили равандҳои HR-и аллакай таъсисёфта.
Шароит ва имкониятҳо:
· кор дар бонки устувор ва босуръат рушдёбанда;
· меъёрҳои муосири идоракунии кадрҳо ва равандҳои дақиқу самаранок;
· имконияти рушди касбӣ ва мансабӣ дар сохтори бонк;
· музди меҳнати шоиста (пас аз мусоҳиба муайян карда мешавад);
· бастаи иҷтимоии пурраи мутобиқ ба қонунгузории ҶТ ва сиёсати дохилии бонк;
· ҷадвали корӣ: аз соати 08:00 то 17:00, панҷ рӯзи корӣ дар ҳафта (5/7);
· шароити бароҳати кор ва муҳити мусоиди корпоративӣ.
Номзадҳои хоҳишманд метавонанд дархости худро ба суроғаи электронии: jobs@spitamen.com бо нишон додани вазифаи “Роҳбари Департаменти HR” дар хати мавзуъ ирсол намоянд.
Эзоҳ: танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯянд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Самтҳои асосии фаъолият:
• тафтиши парвандаҳои қарзӣ оид ба пуррагии ҳамаи ҳуҷҷатҳо;
• сканеркунии ҳуҷҷатҳои мизоҷон;
• нигоҳдории парвандаҳои қарзӣ;
• қабули гаравҳо аз мизоҷон.
Талаботҳо:
• маълумоти олӣ (иқтисоди афзалият дорад);
• истифодабари муваффақи MS Office;
• донистани низоми бонкӣ;
• ба дараҷаи хуб донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад).
Сифатҳои шахсӣ:
• бодиққат/покизакор будан;
• поквиҷдон ва пухтакор будан;
• доштани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ;
• доштани маҳорати бо зудӣ қабул намудани маълумотҳои ҳаҷман калон.
Шартҳо/имкониятҳо:
• барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;
• рӯзи кории пурра/реҷаи кории 5/2.
• омӯзиши корпоративӣ;
• имконияти аз рӯи вазифа ва ихтисос боло рафтан дар дохили бонк.
Резюмеро бо суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани номи вазифа дар хати мавзуъ «Коромӯз маъмури қарзӣ ва амалиётӣ дар филиали ш. Хоруғ ирсол намоед.
Эзоҳ: ба суҳбат танҳо ҳамон довталабоне даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои ҷои холии эълоншуда ҷавобгӯ мебошанд.
· гузаронидани санҷиши зерсохторҳои бонк ва тартиб додани ҳисобот оид ба санҷиши гузаронидашуда;
· гузаронидани санҷиши мутобиқати ҳуҷҷатҳои дохилӣ бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии бонкӣ;
· таҳлил ва баҳодиҳии хавфҳо, пешниҳоди тавсияҳо ҷиҳати пешгирии онҳо;
· гузаронидани санҷиши бизнес – равандҳо дар бонк ва пешниҳоди хулосаю тавсияҳо нисбати онҳо;
· баҳодиҳии самаранокии низоми назорати дохилӣ;
· тартиб додани ҳисоботҳо барои роҳбарият;
· мониторинг ва таҳлили амалиётҳо;
Талаботҳои асосӣ:
· маълумоти олии иқтисодӣ;
· таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ/аудит ё баҳисобгирии муҳосибӣ на камтар аз 3 сол;
· хуб донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, аз он ҷумла дастурамалҳои: №171; 176; 247; 257; 204 ; 211; 227; 255; 190; 193; 251
· Донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”;
· малакаи кор бо компютер, донистани MS Office ҳатмӣ;
· маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
· донистани забони давлатӣ ва русӣ.
Сифатҳои шахсӣ:
· эътимоднокӣ;
· покизакорӣ/бодиққатӣ;
· поквиҷдонӣ, пухтакорӣ;
· ҳисси баланди масъулиятшиносӣ;
· банақшагирии масъалаҳо аз рӯи афзалиятнокӣ.
Шартҳо/имкониятҳо:
· барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;
· рӯзи пурраи корӣ/реҷаи кории 5/2;
· шароитҳои мусоиди корӣ;
· таълими корпоративӣ;
· эҳтимолияти берун аз ҳудуди шаҳр/вилоят/кишвар ба сафарҳои хизматӣ рафтан.
Резюмеро ба суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани номи вазифа дар хати мавзуъ «Мутахассиси Департаменти назорати дохилӣ», ирсол намоед.
Эзоҳ: барои суҳбат танҳо ҳамон номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифаи холии эълоншуда ҷавобгӯ мебошанд.
- роҳбарӣ кардани фаъолияти МХБ;
- таъмини ҳамкориҳои судманд ва самаранок дар байни зердастони худ;
- назорати иҷроиши нақшаҳои МХБ;
- назорат ва тафтиши кори хазина ва бақияи маблағҳо мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии БМТ ва дохилии Бонк;
- кушодан ва махкам кардани хазина мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии БМТ ва дохилии Бонк;
- таъмини ҳамкориҳои судманд ва самаранок бо филиал ва сохторҳои дахлдори Саридора;
- таъмин намудани риояи интизоми меҳнатӣ аз ҷониби кормандони МХБ;
- таъмин намудани иҷроиши вазифаҳои хизматии кормандони МХБ, инчунин фармон ва дастурҳои директори филиал ва роҳбарияти Бонк;
- дар асоси ваколатнома манфиатҳои Бонкро дар ҳама муассисаҳо ва ташкилотҳо намояндагӣ кардан;
- амалисозии маркетинги корпоративӣ дар МХБ ва таблиғи ҳама маҳсулоти бонк ба мизоҷони эҳтимолии МХБ ва Бонк;
- мутобиқи ҳуҷҷатҳои дохилии Бонк фаъол ва ғайрифаъол намудани таҷҳизоти муҳофизавӣ ва системаи овоздиҳанда (сигнализатсия).
Талабот:
- маълумоти олии иқтисодӣ;
- ҳадди ақал 3 сол таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ ва ҳадди ақал 2 сол таҷрибаи корӣ дар вазифаи роҳбарикунанда дар сохтори бонк;
- донистани қонунгузории бонкӣ;
- кобилияти кор кардан ба таври систематикӣ ва сохторӣ;
- ҳисси волои масъулиятнокӣ;
- дорои мантиқи тафаккурёфта;
- муносибати содиқона ба кормандони бонк ва рақибон;
- донистани ҳадди ақал 2 забон: тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ;
- саводнокии компютерӣ.
Шартҳо/имкониятҳо:
- барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;
- рӯзи кории пурра/реҷаи кории 5/2;
- музди маоши арзанда ва бонус;
- бозомӯзиш (тренинг)-ҳои ройгон чиҳати баланд бардоштани ихтисос/саводнокӣ;
- имконияти аз рӯи вазифа ва ихтисос боло рафтан.
Лутфан, дархости худро ба суроғаи электронии: jobs@spitamen.com бо нишон дар хати мавзуъ вазифаи "Мудири МХБ дар _____________" равон кунед.
Эзоҳ: танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯянд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
• тафтиши парвандаҳои қарзӣ оид ба пуррагии ҳамаи ҳуҷҷатҳо;
• сканеркунии ҳуҷҷатҳои мизоҷон;
• нигоҳдории парвандаҳои қарзӣ;
• қабули гаравҳо аз мизоҷон.
Талаботҳо:
• маълумоти олӣ (иқтисоди афзалият дорад);
• истифодабари муваффақи MS Office;
• донистани низоми бонкӣ;
• ба дараҷаи хуб донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад).
Сифатҳои шахсӣ:
• бодиққат/покизакор будан;
• поквиҷдон ва пухтакор будан;
• доштани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ;
• доштани маҳорати бо зудӣ қабул намудани маълумотҳои ҳаҷман калон.
Шартҳо/имкониятҳо:
• барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;
• рӯзи кории пурра/реҷаи кории 5/2.
• омӯзиши корпоративӣ;
• имконияти аз рӯи вазифа ва ихтисос боло рафтан дар дохили бонк.
Резюмеро ба суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани номи вазифа: "Коромӯз маъмури қарзӣ ва амалиётӣ дар Саридора" дар хати мавзуъ ирсол намоед.
Эзоҳ: ба суҳбат танҳо довталабоне, ки ба талаботҳои вазифаи холии эълоншуда ҷавобгӯ мебошанд, даъват карда мешаванд.
· мусоидат дар сабт ва таҳрири наворҳо;
· тартиб додани сенария ва нақша, ки аз рӯи он навор таҳия карда мешавад;
· интихоб ва иваз кардани мусиқӣ, овозҳо ва дигар садоҳо;
· тақсимоти навор ба пораҳо;
· интихоби кадрҳои пурарзиш;
· пайвасткунии қисмҳо;
· мукаммалсозӣ ва ҳамоҳангкунии садо бо тасвир;
· кор бо титр ва дигар матнҳо;
Талаботҳо:
· донистани асосҳои банаворгирӣ;
· маълумоти олии соҳавӣ дар самти медиа, дизайн, кино ва телевизион. Қабули номзадоне, ки таҳсилоти ихтисосӣ надоранд, вале портфолёи қавӣ доранд, низ имконпазир аст.
· кори мукаммал ва эътимодбахш дар барномаҳои таҳририи CapCut (донистани Adobe Premiere бартари аст);
· эҷодкорӣ ва ташаббускорӣ;
Шартҳо/имкониятҳо:
· расман бо кор таъмин шудан, мутобиқи КМ ҶТ дар яке бонки муосир ва устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон;
· сафарҳои корӣ дар дохили шабакаи минтақавӣ бо пардохти хароҷот;
· омӯзиш барои такмил додани малака ва гирифтани донишҳои нав;
· реҷаи кори қулай - 5/2;
· фазои дӯстона ва як дастаи ҳамфикрон.
Резюмеро ба суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани «Мутахассис барои сабт ва таҳрири наворҳо» ирсол намоед ё ин ки анкетаро дар филиал пур карда супоред.
Эзоҳ: ба суҳбат танҳо ҳамон номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифаи холӣ ҷавобгӯ мебошанд, даъват карда мешаванд.
· донистани асосҳои маркетинг;
· кор бо барномаҳои идоравии MS Office;
· қобилияти кор бо пудратчиён;
· дониши ибтидоӣ оид ба таҳлил;
· маҳоратҳои хуби коммуникатсионӣ;
· роҳбарии дурусти ҳуҷҷатгузорӣ;
· кор бо контент ва риояи брендбук;
Талаботҳо:
• таҷриба дар соҳаи маркетинг;
• маълумоти олии соҳавӣ дар самти маркетинг, реклама ё менежмент. Довталабоне, ки таҳсилро ба таври ғоибона идома медиҳанд, ҳам қабул карда мешаванд;
• фаҳмиши асосии шаклҳои рекламаи беруна ва равандҳои нашр/насб;
• корбари боэътимоди компютер, дониши Excel ва Google Docs;
• малакаи муоширати корӣ бо пудратчиён;
• фаҳмиши асосҳои муоширати визуалӣ ва брендинг;
Сифатҳои шахсӣ:
• оромӣ дар ҳолатҳои ногувор, бодиққатӣ;
• фаъолнокӣ/серҳаракатӣ;
• риояи принсипҳо.
Шартҳо/имкониятҳо:
• Расман бо кор таъмин шудан, мутобиқи КМ ҶТ;
• имконияти болоравӣ аз рӯи вазифа дар бонки тезтараққикунанда;
• низоми муносиби музди меҳнат;
• рӯзи пурраи корӣ.
Резюмеро ба суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани «Мутахассис маркетолог оид ба рекламаи беруна» ирсол намоед.
Эзоҳ: ба суҳбат танҳо ҳамон номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифаи холӣ ҷавобгӯ мебошанд, даъват карда мешаванд.
Таснифи самтҳои асосии фаъолият:
· кӯмак ва иштироки бевосита дар банақшагирии тафтишотҳои аудиторӣ, баҳодиҳии хавфҳо, тайёр кардани барномаҳои аудит, методологияи гузаронидани аудит ва ташкили фаъолияти Ҳадамоти аудити дохилӣ;
· мувофиқи нақшаи аудит дар муҳлатҳои муқарраршуда гузаронидани тафтишотҳои аудитӣ ва аз рӯи натиҷаи тафтиш ба Кумитаи Аудит/Шӯрои Нозирони Бонк пайваста пешниҳод намудани тадқиқ ва таҳлилҳои муфассал;
· ошкор ва баҳодиҳии хавфҳо дар низоми аудити дохилӣ, баҳодиҳӣ намудани мувофиқатии равандҳои тиҷорати ҷойдошта ба талаботҳои қонунгузории ҶТ ва санадҳои меъёрии БМТ, оид ба беҳтаршавии низоми назорати дохилӣ пешниҳод намудани тавсияҳо;
· дар ҳайати гурӯҳи корӣ роҳбарӣ намудани фаъолияти кормандон ва баҳо додани кори онҳо; Назорати иҷрои тавсияҳои аз рӯи натиҷаи тафтишотҳо додашуда.
Талаботҳо:
· доштани маълумоти олӣ;
· доштани собиқаи кории на камтар аз 5 сол дар ташкилотҳои қарзӣ;
· доштани собиқаи кории на камтар аз 3 сол дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ташкилотҳои қарзӣ;
· доштани собиқаи корӣ дар соҳаи аудити дохилӣ/берунӣ ва ё таҳлили молиявӣ ва баҳисобгирии муҳосибавӣ;
· донистани талаботҳои асосии қонунгузории ҶТ, санадҳои меъёрию ҳуқуқии БМТ, ки фаъолияти ташкилотҳои қарзиро ба танзим медароранд;
· донистани стандартҳои СБҲМ, стандартҳои байналмилалии аудит ва андозбандӣ дар ҶТ;
· доштани собиқаи корӣ ва дониш дар соҳаи баҳодиҳии хавфҳо;
· таҷрибаи корӣ бо се хати муҳофизат;
· таҷрибаи корӣ бо автоматизатсияи равандҳо;
· таҷрибаи корӣ бо АБСи аудитӣ;
· таҷрибаи корӣ дар аудити самаранокии фаъолияти бонк ва самаранокии назорати дохилӣ;
· таҷрибаи корӣ дар гузаронидани External Quality Assessment;
· доштани сертификати CIA;
· доштани сертификатҳои тахассусии САР/CIPA, GARP афзалият доранд;
· донистани забони давлатӣ ва забони русӣ барои тартиб додани ҳисоботҳои даврӣ оид ба аудит. Донистани забони англисӣ афзалият дорад;
· барои тез-тез ба воҳидҳои сохтории Бонк (филиалҳо, МХБ ва ғайра) ба сафарҳои хизматӣ рафтан тайёр будан;
· истифодабарандаи бовариноки пакети пешниҳодҳои MS Office ва барномаҳои бонкӣ.
Шартҳо/Имкониятҳо:
· расман бо кор таъминкунӣ аз рӯи КМ ҶТ;
· имконияти боло рафтан аз рӯи мансаб дар бонки инкишофёбанда;
· низоми пардохти музди меҳнати муносиб.
Резюмеро ба суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани вазифаи «Роҳбари хадамоти аудити дохилӣ» ирсол намоед.
Эзоҳ: ба суҳбат танҳо ҳамон довталабоне даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои ҷойи холии эълоншуда ҷавобгӯ мебошанд.