Шӯрои нозирон
Дар ш. Кулоб таваллуд шудааст. Оиладор. Падари 3 фарзанд.
Таҳсил:
Соли 2007 мактаби ибтидоии Гимназияи «Душанбе»-ро хатм кардааст.
Соли 2013 Донишгоҳи Баҳри Миёназамин, Газимагуса, Кипри Шимолӣ, факултаи «Бонкдорӣ ва молия»-ро хатм намуда, сипас соли 2017 магистратураи Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Менеҷменти молиявӣ» хатм кардааст.
Айни замон дар кафедраи «Молия ва суғурта»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи докторӣ навишта истодааст.
Собиқаи корӣ:
Бузургҷамил Раҳмонов фаъолияти худро дар Спитамен Бонк моҳи августи соли 2013 оғоз карда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият намудааст: мутахассиси шуъбаи қарзӣ, мутахассиси шуъбаи робитаҳои корреспондентӣ, мутахассиси шуъбаи амалиёти муомилотии хазинадорӣ. Бузургҷамил Раҳмонов ҳамчунин дар вазифаҳои роҳбарӣ таҷриба дорад: сардори шуъбаи идоракунии қарз, сардори шуъбаи баҳисобгирии кредитии идораи молия, сардори шуъбаи баҳисобгирии Департаменти молия ва баҳисобгирӣ ва директори филиали ҶСП «Спитамен Бонк» дар шаҳри Душанбе.
Бузургҷамил Раҳмонов дар рафти фаъолияти корӣ худро ҳамчун мутахассиси арзанда ва роҳбари босалоҳият нишон дода, моҳи майи соли 2021 ба вазифаи Директори ширкати суғуртавии «Spitamen Insurance» таъин гардид.
Моҳи майи соли 2021 узви Шӯрои нозирон интихоб шудааст.
Моҳи апрели соли 2022 Раиси Шӯрои нозирони ҶСП «Спитамен Бонк» таъин гардид.
Дар ш.Бӯстон таваллуд шудааст. Оиладор.
Таҳсил:
Соли 2011 литсейи тоҷикӣ-туркии шаҳри Хуҷандро хатм кардааст.
Соли 2015 факултаи молияи Донишгоҳи Ноттингеми Мактаби Бизнесро хатм кардааст.
Собиқаи корӣ:
Мутахассис оид ба қарзҳо дар лоиҳаи “Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ” – и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ;
Мутахассиси пешбари Шуъбаи тадқиқот ва моделсозии Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд дар Бонки миллии Тоҷикистон;
Сардори Департаменти молия ва ҳисобдорӣ дар ҶСП «Спитамен Бонк»
Директори ҶСДММ «Спитамен Суғурта»
Моҳи ноябри соли 2018 узви Шӯрои нозирон интихоб шудааст.
Макони таваллуд ва вазъи оилавӣ
Дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Оиладор.
Таҳсил
Соли 1977 мактаби миёнаи №53 дар шаҳри Душанберо хатм кардааст.
Соли 1982 факултаи иқтисодии шуъбаи “Молия ва қарз”-и ДДТ ба номи Ленинро хатм кардааст.
Собиқаи корӣ
08.1982 –10.1983: Ревизор-инспектори шуъбаи “даромадҳои давлатӣ”-и шуъбаи молияи ш.Душанбе;
10.1983 –08.1996: Референт, референти пешбар, сармутахассис ва муҳосиби калон дар Идораи корҳои Шӯрои вазирони ҶТ (Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ)
08.1996 –04.2008: мутахассиси дараҷаи якуми шуъбаи молия, сардори шуъбаи молия, Муовини Сардори идораи сиёсати монетарӣ ва оморӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон;
04.2008 –03.2016: Сармуҳосиби ҶДММ ТАҚХ “Финка”
03.2016 – 2021: Сардори шуъбаи Идораи муҳосибот, Муовини директори Департаменти ҳисобдории Бонки миллии Тоҷикистон;
05.2016 – 12.2016: аъзои мудирияти муваққатии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”
Соли 2019 бо нишонаи сарисинагии “Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон” сарфароз гардидаанд.
01.2021 – то ҳол: Сармуҳосиби ШС “Инновейтив Роуд Солюшнс”
Моҳи январи соли 2023 узви Шӯрои нозирони ҶСП “Спитамен Бонк” интихоб шудааст.
Макони таваллуд ва вазъи оилавӣ
Дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Оиладор.
Таҳсил
Соли 2012 литсейи тоҷикӣ-туркии шаҳри Душанберо ба номи Хоҷӣ Камолро хатм намудааст.
Соли 2016 Донишгоҳи сиёсати хориҷии ш. Пекин бо ихтисоси “тиҷорати байналмиллалӣ” (бакалавр) хатм намудааст.
Соли 2018 магистратураи Донишгоҳи Пекинро бо ихтисоси “идоракунии давлатӣ” (магистр) хатм намудааст
Соли 2020 Барномаи “Бозорҳои сармоя” Корпоратсияи Байналмиллалии Молиявии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Институти Милкен дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони Штатҳои Муттаҳидаи Америка хатм намудааст
Собиқаи корӣ
2017 – 2018: КВД “Тоҷинвест” дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ;
2018 – 2021: мутахассиси пешбар, муовини сардори Идораи муносибатҳои байналмиллалӣ Бонки миллии Тоҷикистон;
2021-2022 муовини сардори Идора - сардори шуъбаи таҳлил ва рушди хизматрасониҳои молиявии рақамии Идораи низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон;
Моҳи январи соли 2023 узви Шӯрои нозирон интихоб шудааст.
Раёсат
Фаъолияти меҳнатии худро дар соҳаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 шуруъ кардааст. Хатмкунандаи Sunderland University, Малайзия, Куала-Лумпур мебошад. Баъд аз хатми донишгоҳ дар бахши хусусӣ фаъолияташро оғоз карда, дар Вазорати Молия идома додааст. Баъдан, Навруз Самандарзода сардори Шуъбаи Тадқиқотӣ ва моделсозии Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд дар БМТ буд.
Ба тими ҶСП “Спитамен Бонк” моҳи январи соли 2018 ҳамроҳ гардид.