МХБ-и нав дар шаҳри Кулоб
16.04.2024
Спитамен Бонк бо ифтитоҳи як МХБ-и нав дар шаҳри Кулоб шабакаи хизматрасониҳои худро васеъ мекунад.
Ин як рӯйдоди муҳим барои сокинони минтақа аст, зеро онҳо акнун метавонанд дар наздикии хона ё коргоҳи худ аз тамоми хизматрасониҳои бонкӣ истифода баранд.
МХБ-и нав дар паҳлӯи бозори Деҳқон, дар кӯчаи Х.Назаров,11 ҷойгир аст. Он бо технология ва таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, сатҳи баланди роҳат ва бехатарии мизоҷонро таъмин мекунад. Дар ин ҷо шумо метавонед ҳама намуди хизматрасониҳои бонкиро дастрас намоед, аз ҷумла кушодан ва пеш бурдани суратҳисобҳо, пешниҳоди қарз, мубодилаи асъор, интиқоли маблағ ва ғайра.
Спитамен Бонк кӯшиш мекунад, ки хизматрасонии молиявиро барои тамоми қишрҳои аҳолӣ дастрас гардонад ва ифтитоҳи МХБ-и нав дар Кулоб қадами навбатӣ дар ин самт мебошад. Маркази нав ҳамарӯза аз соати 8:00 то 17:00 фаъолият намуда, ба сокинони шаҳр имкон медиҳад, ки мушкилоти молиявии худро дар вақти барояшон мувофиқ ҳал кунанд.