Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Бузургтарин иқдом аз Спитамен Бонк - "Аз Шумо интиқол - аз мо хона"!

	

Бузургтарин иқдом аз Спитамен Бонк - "Аз Шумо интиқол - аз мо хона"!

29.04.2024

ХБН-сайт.png


Спитамен Бонк яке аз бузургтарин иқдомҳо “Аз Шумо интиқол-аз мо хона”-ро, ки ба ҳар як мизоҷ имкони бурди туҳфаҳои зиёди арзишмандро фароҳам меорад, оғоз мекунад.

"Аз Шумо интиқол-аз мо хона" – иқдоми беназир аз ҷониби Спитамен Бонк барои дастгирии мизоҷоне, ки ба Ватан тавассути Спитамен Бонк интиқоли маблағ ирсол менамоянд, пешбинӣ шудааст.

Туҳфаи асосӣ – 2-то хона дар шаҳри Душанбе буда, инчунин иштирокчиён метавонанд туҳфаҳои зиёди арзишманди дигарро бурд кунанд.

Киҳо иштирокчии иқдом шуда метавонанд?

Ҳамаи мизоҷоне, ки тавассути низомҳои интиқоли маблағ дар нуқтаҳои хизматрасонии Спитамен Бонк ва ё ба кортҳои Спитамен Бонк тариқи барномаҳои МТС, СберБонк, Тинкофф, ТКБ ва дигар барномаҳо интиқол қабул мекунанд.

Фонди туҳфавӣ:

2 Хона дар шаҳри Душанбе
30 Смартфон
1 Планшет
8 Яхдон
8 Телевизор
6 Блендер
8 Мошинаи ҷомашӯӣ - автомат
8 Тафдони микромавҷӣ

Муҳлати гузаронидани иқдом:

то 31.12.2024

Чанд маротиба интиқол кардан мумкин аст?

Бе маҳдудият интиқол кардан мумкин аст. Ҳар қадар интиқол зиёд бошад, имкони бурд ҳамон қадар зиёд мешавад.

Маблағи ҳадди ақали интиқол барои иштирок чӣ қадар аст?

- бо доллар аз 500,00 USD;
- бо евро аз 500,00 EUR;
- тавассути низоми интиқоли пулӣ (NPCR) аз 20 000,00 RUB;
- ба корт (Cards) аз 20000,00 RUB
.
Киҳо иштирокчии иқдом намешаванд?

Барои таъмини шаффофияти иқдом, кормадони Спитамен Бонк ва хешовандони наздики онҳо дар иқдом иштирок карда наметавонанд.
Инчунин, дар иқдом ғайрирезидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок карда наметавонанд.

Ғолибон чӣ тавр муайян карда мешаванд?

Ғолибон тавассути генератори ададҳои тасодуфӣ дар ҳузури комиссияи иборат аз 5 нафар муайян карда мешаванд. Ба ғолиб дар муддати 1 соат 3 маротиба занг зада мешавад, агар мизоҷ гӯшакро набардорад ва ё телефон хомӯш бошад, туҳфа аз сари нав ба бозӣ гузошта мешавад.

Шартҳои гузаронидани иқдом:

Ғолибони туҳфаҳои қимматбаҳо ҳар моҳ муайян гардида, ғолибони туҳфаи асосӣ - хона, дар байн ва охири иқдом муайян мешаванд. Раванд онлайн дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардида, ғолиб ба таври тасодуфӣ байни иштирокчиён тавассути сомонаи www.random.org интихоб шуда, натиҷаҳои озмун дар саҳифаҳои Facebook ва Instagram, инчунин дар сомонаи расмии spitamen.com нашр мешавад.

Шартҳои дигари иқдом:

- иқдом дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нуқтаҳои хизматрасонии бонк мавҷуданд, паҳн мешавад;
- корт бояд мушаххас гардонида ба рақами телефони дорандаи корт пайваст бошад;
- дар иқдом иштирок намекунанд: ғайрирезидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони бонк ва шахсони бо бонк алоқаманд;
- бурд бекор карда мешавад, агар: корт ба рақами телефони шахси дигар пайваст бошад ё маълумоти дорандаи корт нодуруст қайд шуда бошад;

Маълумоти муфассал:

Ҳамаи маълумоти вобаста ба иқдом дар сомонаи spitamen.com, дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ инчунин радио, телевизион ва дигар ВАО фаъол нашр карда мешавад.

Ғайр аз ин, маълумотро дар бораи иқдоми «Аз Шумо интиқол- аз мо хона» тавассути маркази тамоси бонк бо рақамҳои +992 (44) 640 65 65 ва ё 6565 аз телефони мобилӣ (занг ройгон) гирифта метавонед.

Спитамен Бонк – шоиста зиндагӣ намо!

Возврат к списку