Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот МХБ-и нав дар ноҳияи Дустӣ

	

МХБ-и нав дар ноҳияи Дустӣ

20.05.2024
1.png

Спитамен Бонк аз ифтитоҳи Маркази хизматрасонии бонкӣ (МХБ) дар ноҳияи Дустӣ хабар медиҳад. Ин қадами муҳим ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва дастрас будани онҳо барои аҳолии вилоят нигаронида шуда, инчунин ба мустаҳкам гардидани мавқеи бонк дар минтақа мусоидат мекунад.  
  
Маркази нави хизматрасонӣ дар суроғаи: ноҳияи Дустӣ, ҷамоати деҳоти Нури Вахш, деҳаи Гогол ҷойгир шудааст. Он доираи васеи хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла кушодани суратҳисобҳо, пешниҳоди қарзҳо, интиқоли маблағ ва қабули пардохтҳо, мубодилаи асъор ва дигар хизматрасониҳоро пешкаш менамояд.  

3.png

Бонк кӯшиш мекунад, ки ба мизоҷони худ наздиктар бошад, то қулай ва дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ барои тамоми аҳолӣ таъмин карда шавад.  
  
Дар МХБ-и нав мутахассисони соҳибихтисос, ки омодаанд ба мизоҷон дар ҳалли ҳамагуна масъалаҳои марбут ба хизматрасониҳои бонкӣ кӯмак расонанд, кор хоҳанд кард. Итминони комил дорем, ки кушода шудани маркази хизматрасонии бонкӣ  барои сокинони ноҳияи Дустӣ рӯйдоди муҳиме шуда, ба рушди кулли минтақа мусоидат мекунад.  

2.png

Барои маълумоти муфассал метавонед ба рақами 6565 занг занед, мутахассисони мо ба саволҳои шумо посух хоҳанд дод (зангҳо аз операторони мобилии ҶТ ройгонанд).




Возврат к списку