"Спитамен Бонк: Марҳилаи аввали иқдоми "Аз Шумо интиқол- аз мо хона!" - оғози муваффақи роҳ ба сӯи ғалаба"
14.06.2024
Спитамен Бонк муваффақияти беандозаи марҳилаи аввали иқдоми "Аз шумо интиқол - аз мо хона!"-ро, ки барои дастгирии муҳоҷирони меҳнатие, ки ба ватан маблағ мефиристанд, роҳандозӣ шудааст, таҷлил мекунад.
Дар ин марҳила ғолибон муайян гардиданд ва рӯзҳои наздик туҳфаҳои арзандаи худро қабул мекунанд.
Мо ғолибони марҳилаи якумро самимона табрик мекунем.
1. Шоазизов Бурҳониддин Абдуллоевич.
2. Музаффарова Муҳайё Абдурасуловна.
3. Мадумарова Тиловатхон Мамадҷоновна.
4. Хуҷаев Умедҷон Сироҷиддинович.
5. Умарова Шоҳида Ҷалолиддиновна.
6. Мирзоев Маҳмад Саидович.
7. Алланазаров Чулдош.
Иқдоми мазкур як қадами муҳим дар стратегияи Спитамен Бонк оид ба эҷоди шарикии дарозмуддат бо мизоҷон гардид. Он на танҳо қадру қиммати ҳар як мизоҷро барои бонк таъкид мекунад, балки омодагиашро баҳри қадрдонии садоқат ва иштироки фаъолонаи онҳо нишон медиҳад.
Ғолибони ин марҳилаи иқдом на танҳо туҳфаҳои арзишманд мегиранд, балки рамзи муваффақият ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни бонку ва мизоҷонаш хоҳанд шуд.
Ин муваффақият ба дастовардҳои минбаъда ва таҳкими боварӣ ба Спитамен Бонк ҳамчун шарики боэътимод дар бахши молиявӣ мусоидат мекунад.