Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот МХБ-и нав дар ноҳияи Восеъ

	

МХБ-и нав дар ноҳияи Восеъ

24.06.2024

photo_5461176699732483578_y.jpg

Спитамен Бонк бо ифтихор аз ифтитоҳи МХБ-и нав дар ноҳияи зебоманзари Восеъ эълон мекунад. Чорабинии мазкур як ҳиссаи стратегияи бонк оид ба тавсеа ва беҳтар намудани дастрасии хизматрасониҳои босифати бонкӣ барои сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ мебошад.

МХБ-и нави Спитамен Бонк доираи васеъи хизматрасониҳо, аз ҷумла кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ, пешниҳоди қарз ба шахсони воқеӣ ва соҳибкорон, мубодилаи асъор ва ғайраро пешниҳод мекунад. Мизоҷон метавонанд хизматрасонии баландихтисос ва муносибати ифиродиро ба ҳар як мизоҷ интизор шаванд.

photo_5461176699732483580_y.jpg

«Ифтитоҳи маркази нави хизматрасонии бонкӣ дар ноҳияи Восеъ аз омодагии доимии мо барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни мизоҷон шаҳодат медиҳад», — гуфт Фируз Шарипов, менеҷери минтақавии ҶСП «Спитамен Бонк» дар вилояти Хатлон.

photo_5461176699732483581_y.jpg

Маркази нав имрӯз кори худро шуруъ намуда, хамаи хоҳишмандонро ба суроғаи ноҳияи Восеъ, шаҳраки Ҳулбук, кӯчаи С.Кабир, 22 даъват менамояд. Мо аз он хушнудем, ки ба мизоҷони худ фазои бароҳат ва хизматрасонии фаврӣ дар макони қулай пешниҳод мекунем.

Барои гирифтани маълумоти муфассал дар бораи маҳсулот ва хизматрасониҳои Спитамен Бонк ба сомонаи мо www.spitamen.com дароед, ё бо рақами 6565 тамос гиред

 


Возврат к списку