Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Мукофотонидани кормандон барои нишондиҳандаҳои баланд.

	

Мукофотонидани кормандон барои нишондиҳандаҳои баланд.

17.07.2024
1.jpg
   Спитамен Бонк эълон мекунад, ки 17 нафар кормандони худро барои дастовардҳои баланд ва фидокориашон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонид. Маросими супоридани ҷоиза рӯзи 9 июл дар Саридораи бонк, воқеъ дар суроғаи: кӯч. Б. Ғафуров, 45 баргузор гардид.

2.jpg
Муовини раиси Раёсати Бонк Сайфуллозода Сулаймон зимни супоридани ифтихорномаҳо қайд кард: «Кормандонамон сарвати арзишманди мо мебошанд. Маҳорати касбӣ, кори содиқона ва саъю кӯшиши онҳо калиди муваффақияти бонки мост. Барои саҳми назаррас аз онҳо миннатдорем ва ифтихор мекунем, ки онҳо аъзои дастаи мо ҳастанд.”

  3.jpg
Мутахассисон аз филиалҳои дар шаҳрҳои Душанбе (ҷ. Чимтеппа, д. Сомон, 100), Ваҳдат (кӯч. Сомониён, 16), Хуҷанд (кӯч. К. Хуҷандӣ, 189А) ва ноҳияи Шаҳритус (кӯч. И. Сомонӣ, 40) қадрдонӣ карда шуданд.

4.jpg
Спитамен Бонк ҳамаи кормандони мукофотонидашударо табрик гуфта, ба онҳо дар корашон муваффақиятҳои нав таманно менамояд!

Возврат к списку