“Аз Шумо интиқол - аз мо хона!": анҷоми бомуваффақияти марҳилаи сеюм
20.08.2024
Марҳилаи сеюми иқдоми бошукӯҳи «Аз Шумо интиқол - аз мо хона!» аз Спитамен Бонк ба охир расид!
Рӯзи шанбеи 17-уми август зиёда аз 5000 нафар тамошобин дар назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, барандагони хушбахти туҳфаҳои арзишмандро муайян намуданд. Атрофро фазои идона фаро гирифта буд!
Хотири ҳозиринро сарояндаи маҳбуб - Рустам Азимӣ, инчунин ҳаҷвнигорони боистеъдоди дастаи “Хуҷанд клаб”- и шаҳри Хуҷанд шод гардониданд. Шомро бо муайян намудани ғолибон ҷамъбаст намудем.
Бо истифода аз рандомайзер ғолибони хушбахти туҳфаҳо интихоб шуданд:
1. Туҳфаи асосӣ: хона дар шаҳри Душанбе – Эшмирзоев Диловар
2. Телевизор — Зубайдуллоева Аслия
3. Мошини ҷомашӯӣ — Акбарова Гулбаҳор
4. Яхдон — Исоев Абдувалӣ
5. Тафдони микромавҷӣ - Қараев Зиёдулло
6. Смартфон - Амирова Бозоргул
7. Сматрфон - Қосимова Хиробон
8. Блендер - Соипов Алимурод
9. Гӯшмонакҳои бесим - Баратов Муҳаммадӣ
10. Қуввадиҳандаи барқии бесим ( повербанк)- Абдураҳмонов Боймурод.
Ҳамаи ғолибони иқдомро табрик мекунем! Ба ҳама ҳозирин барои иштироки фаъолонаашон ташаккур мегӯем. Спитамен Бонк, ки орзуҳоро амалӣ мегардонад, шарики боэътимоди шумост! Хабарҳои моро пайгирӣ кунед!
Марҳилаи чоруми иқдом наздик шудаистодааст!