Спитамен Бонк ба ғолибони марҳилаи сеюми иқдоми «Аз Шумо интиқол- аз мо хона!» аввалин туҳфаҳоро тақдим намуд.
27.08.2024

Спитамен Бонк бо хушнудӣ аз анҷоми марҳилаи сеюми иқдоми васеъмиқёси худ «Аз Шумо интиқол - аз мо хона!», ки дар доираи он туҳфаҳои аввалин ба ғолибон тақдим карда шуданд, хабар медиҳад. Ин чорабинӣ қадами навро дар татбиқи бомуваффақияти яке аз иқдомҳои интизорраванда ва ҷолиби бонк гузошт.
Маросими пешниҳоди туҳфаҳо дар филиалҳои Спитамен Бонк, дар минтақаҳое, ки ғолибон зиндагӣ мекунанд, баргузор гардид, ки роҳати онҳоро таъмин намуд. Барномаи чорабинӣ аз қисмати тантанавӣ иборат буда, дар он ғолибони хушбахт аз дасти роҳбарияти бонк туҳфаҳои худро гирифтанд.
Иқдоми «Аз Шумо интиқол- аз мо хона!» бо мақсади ҳавасмандгардонии мизоҷон барои садоқат ва интихоби Бонки мо роҳандозӣ шудааст. Дар доираи марҳилаи сеюм як қатор ғолибон, ки баҳрашон туҳфаҳои қиматбаҳо пешниҳод шуданд, инчунин соҳиби хушбахти яке аз туҳфаҳои асосӣ-хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе муайян гардиданд
«Мо аз фаъолнокӣ ва эътимоди мизоҷон хушҳолем», - гуфт иҷрокунандаи вазифаи сардори Идораи маркетинг ва рушди бизнес дар Спитамен Бонк, Одинаев Нодиршоҳ. Иқдоми мо на танҳо баҳри пешниҳоди хизматрасонии молиявӣ балки барои боз ҳам ҷолиб ва рангоранг намудани ҳаёти мизоҷон равона шудааст. Мо ҳамаи ғолибонро табрик мекунем ва ба онҳо барои бовариашон миннатдориамонро баён мекунем!”

Ғолибон дар навбати худ ба Спитамен Бонк барои имкони иштирок дар иқдом ва дарёфти туҳфаҳои арзишманд изҳори сипос намуданд. Бисёриҳо иброз доштанд, ки иштирок дар чорабинӣ як сюрпризи гуворо ва ҳавасмандии иловагӣ барои истифодаи фаъолонаи хизматрасониҳои бонк буд.
Иқдоми «Аз Шумо интиқол-аз мо хона!» то охири соли равон идома меёбад ва Спитамен Бонк мизоҷони худро бо туҳфаҳо ва навгониҳо шод хоҳад кард. Хабарҳои моро пайгирӣ карда, имкони иштирок дар ин чорабинии ҷолибро аз даст надиҳед!