Рӯзи омӯзгорон муборак
05.10.2024

Омӯзгорони муҳтарам!
Дар ин рӯзи хос Спитамен Бонк бо хушнудӣ шуморо бо Рӯзи омӯзгорон табрик мекунад! Шумо — қаҳрамони ҳақиқӣ ҳастед, ки ҳар рӯз ба мо илҳом мебахшед, таълим медиҳед ва ояндаи кишвари моро тарбия мекунед. Кори Шумо бебаҳо аст ва мо барои сабру содиқии Шумо ба вазифаатон миннатдорем.
Таълим — ин асоси рушд ва тараққиёти ҷомеа аст ва бо шарофати саҳми Шумо насли наврас ҳамеша барои дониш ва муваффақият талош мекунад. Мо воқеан кори шуморо қадр менамоем ва бароятон саломатӣ, сабр ва нерӯи беканорро орзу мекунем.
Бигзор ҳар як дарс барои Шумо манбаи илҳом бошад ва шогирдонатон боиси ифтихор ва шодиатон шаванд. Спитамен Бонк маърифатро дастгирӣ мекунад ва ҳамеша омода аст барои беҳтар кардани шароит барои ояндаи кишвари азизамон ҳамкорӣ кунад.
Бо эҳтиром,
Спитамен Бонк