Спитамен Бонк: Ғолиби иқдоми “Аз Шумо интиқол-аз мо хона!” шоҳҷоиза – хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе гирифт
13.11.2024

Спитамен Бонк бо ифтихор ғолиби иқдоми “Аз Шумо интиқол-аз мо хона!”-ро, ки соҳиби хонаи истиқоматӣ дар пойтахти Тоҷикистон шуд, муаррифӣ мекунад. Дастаи Спитамен Бонк бо тантана калидҳои хонаи навро ба ғолиб тақдим намуданд. Акнун иштирокчии хушбахти иқдом метавонад аз манзили нав дар маркази Душанбе баҳра барад.
Иқдом, ки аз ҷониби Спитамен Бонк бо мақсади дастгирии мизоҷон роҳандозӣ гардидааст, хуш пазируфта шуд. Мизоҷон дар иқдом фаъолона иштирок намуда, интиқоли маблағро аз Спитамен Бонк қабул карданд ва ғолиби туҳфаҳои қиматбаҳо шуданд.

Диловар Эшмирзоев миннатдории худро ба Спитамен Бонк барои ин туҳфаи ногаҳонӣ изҳор намуд. “То ҳол бовариам намеояд, ки дар иқдом ғолиб шудам. Ин барои ман туҳфаи олӣ аст ва ба Спитамен бонк изҳори сипос мекунам” – гуфт ӯ дар маросими тақдими хона.
Спитамен Бонк минбаъд низ мизоҷонашро бо иқдому пешниҳодҳои гуногун, ки баҳри беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва баланд бардоштани вазъи молиявии онҳо нигаронида шудаанд, шод хоҳад кард.