Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Диққат! Қаллобон дар Telegram!

	

Диққат! Қаллобон дар Telegram!

18.02.2025

5305478521730229736.jpg

Мизоҷони мо дар бораи талаб кардани маблағ аз ҷониби қаллобон дар Telegram барои мушаххас намудани ҳамён хабар доданд.
Муҳим: мушаххас намудани ҳамён барои дастрасӣ ба хизматрасониҳо ва суратҳисоби худ дар Спитамен Бонк РОЙГОН аст ва ҳеч кас барои гузаронидани он аз Шумо пул талаб намекунад!

Аз қаллобон эҳтиёт бошед! Онҳо метавонанд худро кормандони бонк муаррифӣ намуда, барои "тасдиқи шахсият" ё "фавран мушаххас намудани ҳамён" пардохт талаб кунанд. Ин фиреб аст!

5305478521730229745.jpg

Чӣ бояд кард:
1. Ба истинодҳои шубҳанок нагузаред ва пул нафиристед.
2. Шабакаҳои расмии бонкӣ ҳеҷ гоҳ барои хизматрасонӣ маблағ талаб намекунанд.
3. Агар дар Telegram пешниҳодҳои шубҳанок пайдо шаванд, фавран ба бонк тавассути шабакаҳои расмӣ муроҷиат кунед.

Дар ҳолати пайдо шудани савол ё шубҳа ба паёмрасонҳои расмии мо муроҷиат кунед ё ба маркази тамос бо рақами 6565 занг занед.
Ба қаллобон имкон надиҳед! Маълумот ва маблағи Шумо зери ҳимояи боэътимоданд.

Возврат к списку