Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Ҷамъбасти марҳилаи ниҳоии иқдоми «Интиқоли тиллоӣ»

	

Ҷамъбасти марҳилаи ниҳоии иқдоми «Интиқоли тиллоӣ»

09.04.2026

Дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе, дар доираи ҷашнвораи «Наврӯз Фест», марҳилаи10-ум, яъне марҳилаи финалии иқдоми «Интиқоли тиллоӣ» аз Спитамен Бонк баргузор гардид. Чорабинӣ яке аз рӯйдодҳои ҷолибтарин ва интизортарин дар фестивал гардид..

«Наврӯз Фест» ҳазорон меҳмонро ҷамъ оварда, фазоро бо рӯҳияи баҳорӣ, эҳсосот ва кайфияти идона пур кард. Дар ҳамин муҳити идона иқдоми “Интиқоли тиллоӣ” ҳам ҷамъбаст шуда, барои мизоҷони Бонк рӯйдоди хотирмон гардид.

photo_5388811736363766998_yтч.jpg

Лаҳзаи ҳаяҷонбахши шом, бурди туҳфаи асосӣ— хона дар шаҳри Душанбе гардид. Занги мустақими телефонӣ ба ғолиб аз саҳна эътирофи гарм ва пурэҳсосро ба бор овард.

Ҳамчунин дар майдон минтақаи хизматрасонии Спитамен Бонк ташкил гардид, ки дар он меҳмонон имкон доштанд бо маҳсулот ва хизматрасониҳои Бонк ошно шаванд,аз мутахассисон машварати касбӣ гирифта аз баъзе хизматрасониҳо истифода баранд.

photo_5388811736363767001_yтач.jpg

Баргузории чорабинӣ дар доираи фестивал бароямон имкон дод, ки фазои идонаро бо имкониятҳо барои мизоҷон муттаҳид кунем ва иштирокро на танҳо фоидаовар, балки воқеан хотирмон гардонем.

Спитамен Бонк ташаббусҳоеро, ки барои мизоҷон арзиши воқеӣ дошта, қисми рӯйдодҳои муҳими ҳаёти ҷамъият мегарданд, дастгирӣ мекунад.


Возврат к списку