Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Маҳдудиятҳо бартараф шуданд: Спитамен Бонк устувории худро тасдиқ намуд

	

Маҳдудиятҳо бартараф шуданд: Спитамен Бонк устувории худро тасдиқ намуд

24.04.2026

5429434288668611512тч.jpg

Спитамен Бонк дар бораи бартараф гардидани маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо хабар медиҳад. Қарори мазкур дар натиҷаи арзёбии гузаронидашуда қабул гардида, мутобиқати фаъолияти Бонкро ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ тасдиқ менамояд.

Роҳбарияти Бонк барои ҳарчӣ зудтар бартараф намудани нофаҳмиҳои ба амал омада тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дод. Бонки мо фаъолияти худро мувофиқи беҳтарин таҷрибаи байналмилалӣ, бо риояи сатҳи баланди усулҳои корпоративӣ, шаффофият, қоидаҳои комплаенс ва масъулияти иҷтимоии корпоративӣ ба роҳ мондааст.

Лағви чораҳои маҳдудкунанда ба Бонк имкон медиҳад, ки минбаъд низ ба мизоҷон ва шарикони худ хизматрасонии баландсифат пешниҳод намояд. Ин иқдом дастрасиро ба ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ таҳким бахшида, робитаҳои кориро васеъ менамояд ва барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Бонк ин марҳиларо ҳамчун заминаи муҳим барои рушди минбаъда, таҳкими эътимод ва тавсеаи муносибатҳои шарикӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва байналмилалӣ арзёбӣ менамояд. Мо барои густариш ва рушди ҳамкориҳои шарикӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак омодаем.

Ба мизоҷон ва шарикон барои эътимод изҳори сипос намуда, фаъолияти худро бо таваҷҷуҳ ба устуворӣ, шаффофият ва сифати хизматрасониҳои бонкӣ идома медиҳем.

Бо эҳтиром, дастаи Спитамен Бонк!

Возврат к списку