Спитамен Бонк дар FinGramFest 2026 иштирок намуд
04.05.2026

Рӯзи 1 майи соли 2026 дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе FinGramFest 2026 - фестивале, ки ба баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ равона шуда буд, баргузор гардид.
Спитамен Бонк дар чорабинӣ ҳамчун сарпараст иштирок намуда, маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкии худро ба меҳмонон муаррифӣ кард. Намояндагони бонк ба иштирокчиён оид ба кортҳо, интиқолҳои маблағ, қарзҳо, бонкинги мобилӣ ва истифодаи бехатари воситаҳои молиявӣ машварат доданд.

Ҳамчунин, дар доираи фестивал ба иштирокчиён маводи иттилоотӣ ва туҳфаҳои брендии Бонк тақдим карда шуданд.

Спитамен Бонк минбаъд низ ташаббусҳоеро, ки ба рушди саводнокии молиявӣ ва фарҳанги бонкӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд, дастгирӣ менамояд.