Қарз барои тиҷорати хурд-қувва барои рушди тиҷорат

Спитамен Бонк ба мизоҷон имконияти гирифтани қарзро барои соҳибкории хурд бо шартҳои муносиб пешниҳод менамояд.
Ин маҳсулот ба соҳибкороне, ки барои рушд ва васеъ намудани фаъолияти худ ба маблағгузорӣ ниёз доранд, пешбинӣ шудааст.
Маблағи қарз метавонад барои пурра намудани маблағҳои дар гардиш буда, хариди мол, таҷҳизот ё дигар мақсадҳои марбут ба фаъолияти соҳибкорӣ истифода шавад.
Мизоҷон метавонанд аз 1 000 то 300 000 сомонӣ ё аз 100 то 30 000 доллари ИМА маблағ қарз бигиранд. Муҳлати қарз аз 3 то 48 моҳ буда, пардохт тибқи ҷадвали аннуитетӣ анҷом дода мешавад. Меъёри ҳадди ақали фоизӣ аз 24% солона оғоз гардида, таҷрибаи соҳибкорӣ аз 3 моҳ талаб карда мешавад.
Спитамен Бонк дастгирии соҳибкоронро идома дода, барои рушди устувори соҳибкории хурд имкониятҳои молиявӣ фароҳам меорад.