Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Шарҳ вобаста ба лоиҳа дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ

	

Шарҳ вобаста ба лоиҳа дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ

25.05.2026
Сайт тадж2 (1).jpg

Мизоҷони муҳтарам!

Бо сабаби паҳн гардидани шарҳу тафсирҳои гуногун дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ, Спитамен Бонк иттилоъ медиҳад: лоиҳаи пилотӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ ба интиқолҳои шахсии маблағ байни шаҳрвандон дахл надорад.

Интиқолҳо байни аъзои оила, хешовандон, дӯстон ва дигар шахсони воқеӣ, агар хусусияти тиҷоратӣ надошта бошанд, андозбандӣ намешаванд.

Лоиҳа ба дастгирии соҳибкорони инфиродӣ, содда намудани равандҳои андозбандӣ ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ равона шудааст. Дар доираи он паст намудани меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ аз 6% то 3% ва ҳисобкунии автоматии андоз пешбинӣ мегардад.

Ҳамчунин, барои ҳавасмандгардонии пардохтҳои ғайринақдӣ, баргардонидани 1% маблағ ба харидор/пардохткунанда пешбинӣ шудааст.

Истифодаи ҳамёнҳои электронӣ, кортҳои бонкӣ ва дигар воситаҳои пардохтӣ бехатар мебошад. Ҳифзи сирри бонкӣ тибқи қонунгузорӣ таъмин карда мешавад.

Аз шаҳрвандон ва соҳибкорон хоҳиш менамоем, ки ба овозаҳо бовар накунанд ва танҳо аз маълумоти расмӣ истифода баранд.

Спитамен Бонк минбаъд низ мизоҷонро вобаста ба маълумоти иловагӣ огоҳ менамояд.


Возврат к списку