Дар бозори Корвон МХБ-и нав кушодем
24.06.2026
Спитамен Бонк аз ифтитоҳи маркази хизматрасонии бонкии «Корвон» дар суроғаи нав — дарвозаи 7-уми бозори «Корвон» хабар медиҳад.
Дар МХБ-и нав мизоҷон метавонанд аз хизматрасониҳои асосии бонкӣ, аз ҷумла: интиқоли маблағ, қарз, кушодани суратҳисоб ва дигар истифода баранд.

Ифтитоҳи маркази хизматрасонии бонкӣ ба баланд бардоштани дастрасии хизматрасониҳои бонкӣ ва фароҳам овардани шароити қулай барои мизоҷон ва соҳибкороне, ки дар ҳудуди бозори «Корвон» фаъолият мекунанд, равона шудааст.

Спитамен Бонк тавсеаи шабакаи хизматрасониро идома медиҳад, то ба мизоҷони худ наздиктар бошад.