Спитамен Бонк мутобиқат ба меъёрҳои PCI DSS v4.0.1-ро тасдиқ намуд
08.07.2026

Спитамен Бонк аз санҷиш оид ба мутобиқат ба меъёри байналмилалии амнияти кортҳои пардохтӣ — PCI DSS v4.0.1 бомуваффақият гузашт.
Ин натиҷа тасдиқ менамояд, ки Бонк барои ҳифзи инфрасохтори пардохтӣ, амалиётҳои кортӣ ва маълумоти мизоҷон чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Спитамен Бонк минбаъд низ ба амният, эътимод ва рушди хизматрасониҳои муосири рақамӣ диққати махсус медиҳад.