Интернет-бонкинг барои идоракунии қулайи маблағҳо
04.08.2026

Интернет-бонкинг ба мизоҷон имкон медиҳад, ки аз хизматрасониҳои бонкӣ ба таври онлайн истифода баранд.
Хизматрасонӣ барои боз ҳам зудтар ва қулайтар намудани идоракунии маблағҳо пешбинӣ шудааст. Истифодабарандагон метавонанд амалиётҳои зарурии бонкиро фосилавӣ, бе ташриф ба Маркази хизматрасонии бонкӣ анҷом диҳанд.
Рушди хизматрасониҳои рақамӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Спитамен Бонк мебошад. Бонк ҷорӣ намудани роҳҳои ҳалли муосирро идома медиҳад, ки ба мизоҷон имкон медиҳанд вақти худро сарфа намуда, маблағҳои худро ба таври қулай идора кунанд.
Спитамен Бонк — бонке, ки ҳамеша наздик аст.