МХБ-и Спитамен Бонк дар Панҷ — акнун дар суроғаи нав
19.08.2026

19 августи соли 2026 Маркази хизматрасонии бонкии (МХБ) Спитамен Бонк дар шаҳри Панҷ дар суроғаи нав фаъолияташро оғоз кард.
Акнун мизоҷони Бонк метавонанд аз хизматрасониҳои бонкӣ дар ҷойи нав ва бо шароити боз ҳам қулайтар истифода баранд.

Дар МХБ-и Спитамен Бонк ба мизоҷон доираи васеи хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла интиқоли маблағ, хизматрасониҳои вобаста ба кортҳои бонкӣ, маҳсулоти қарзӣ, машварати мутахассисон ва дигар хизматрасониҳои молиявӣ пешниҳод карда мешаванд.
Суроғаи нав: ҷ\ш Панҷ, А. Рудакӣ 36.

Спитамен Бонк пайваста барои фароҳам овардани шароити қулай ва баланд бардоштани дастрасии хизматрасониҳои бонкӣ барои мизоҷон чораҳои заруриро амалӣ менамояд.