Саводнокии молияявӣ – Тоҷикобод
29.09.2026

24 сентябр Спитамен Бонк дар Фестивали «Саводнокии молиявӣ», ки дар Қасри фарҳанги шаҳраки Тоҷикобод баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар доираи фестивал намоишгоҳи хизматрасониҳои молиявӣ баргузор шуда, иштирокчиён оид ба пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи бехатари онҳо, пешгирии қаллобӣ дар интернет, суғурта, банақшагирии буҷети оила ва пасандозгузорӣ маълумот гирифтанд.