«Спитамен Бонк» дар Хатлон Инвест – 2026
23.10.2026

Рӯзҳои 22–23 октябри соли 2026 дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, соҳибкорону сармоягузорон аз 30 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.

Спитамен Бонк яке аз иштирокчиёни форум форум буда, дар қатори дигар намояндагони бахши молиявӣ ва соҳибкорӣ ба муколамаи иқтисодию сармоягузорӣ ҳамроҳ гардид.

Дар доираи форум имкониятҳои иқтисодию сармоягузории вилояти Хатлон муаррифӣ гардида, масъалаҳои рушди кишоварзӣ, саноат, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ баррасӣ шуданд.