Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
54321
Ба шахсони воқеӣ Пасандозҳо Пасандози «Саховат»

Пасандози «Саховат»

то 3%

фоизи баландтарин

6 моҳ

муҳлати камтарин

100 сомонӣ

маблағи камтарин
Пасандози «Саховат»

Афзалиятҳо

картинка

танҳо 1 ҳуҷҷат

Шиноснома лозим аст
картинка

Тасдиқи зуд

суратҳисоб дар муддати кӯтоҳтарин кушода мешавад
картинка

Гирифтани маблағ

дар лаҳзаи дилхоҳ маблағро метавонед гиред
Хуҷҷатҳои лозимаarrow
Ҳуҷҷатҳои лозима барои кушодани суратҳисоб:
  • шиносномаи шаҳрванди ҶТ;
  • рақами мушаххаси андозсупоранда - РМА.
Фоизи пасандозarrow
Саховат

Бо асъори миллӣ:
  • то 6 моҳ - 1%
  • то 12 моҳ - 1%
  • то 24 моҳ - 2%
  • то 36 моҳ - 3%
Бо доллари ИМА:
  • то 6 моҳ - 0,5%
  • то 12 моҳ - 0,5%
  • то 24 моҳ - 0,5%
  • то 36 моҳ - 1%

  Тифли Заррин

Бо асъори миллӣ:
  • то 6 моҳ - 0%
  • то 12 моҳ - 1%
  • то 24 моҳ - 2%
  • то 36 моҳ - 3%
Бо доллари ИМА:
  • то 6 моҳ - 0%
  • то 12 моҳ - 0,5%
  • то 24 моҳ - 0,5%
  • то 36 моҳ - 1%

Эзоҳ: 
мувофиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, фоизҳои пасандоз ба андозаи 12% аз даромад ситонида мешавад.
Дар кадом ҳолат пасандозҳои ман ҷуброн мешаванд?arrow

Асосҳои фаъолияти низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” танзим карда мешавад. Бо мақсади таъмини самаранокии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) фаъолият менамояд. Хазина пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорон ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳолати суғуртавӣ пардохт менамояд, феҳристи ташкилотҳои қарзӣ-узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеиро пеш мебарад, баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии пардохтҳоро аз ташкилотҳои қарзӣ амал менамояд.

Мақсадҳои Хазина инҳоянд:

Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта;
Таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маълумот барои тамос:

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, кӯч.Маяковский 77/2

Сомонаи Хазина: www.idif.tj

Телефон барои тамос: +992 44 600-32-45

Суроғаи электронӣ: info@idif.tj

Маблағи ҷубронпулии суғуртаи амонату пасандоз чӣ тавр ҳисоб карда мешавад?arrow
Ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ Хазина ба пасандоздор маблағи сутарҳисобҳои амонату пасандозҳои суғурташударо дар ташкилотҳои қарзӣ ҷуброн менамояд. Андозаи ҷубронпулӣ аз рӯйи амонату пасандозҳои суғурташуда на бештар аз 35 000 (сию панҷ ҳазор) сомонӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 15.03. с.2023,№1961).

Агар пасандор дар ташкилоти қарзӣ якчанд суратҳоисоби амонату пасандози дошта бошад, он гоҳ ин суратҳисобҳо ҳамчун як суратҳисоби пасандозӣ дониста шуда,ҷубронпулӣ дар асоси андозаи умумии маблағи дар суратҳисобҳои амонату пасандозӣ мавҷудбуда ва на зиёда аз андозаи дар қисми 1 моддаи мазкур муқарраршуда пардохт карда мешава (Қонуни ҶТ аз 15.03. с.2023,№1961).

Агар ҳолати суғуртавӣ дар якчанд ташкилоти қарзӣ фаро расад, ки дар онҳо пасандоздор суратҳисобҳои амонату пасандозӣ дорад, он гоҳ андозаи ҷубронпулии суғурта барои ҳар як ташкилоти қарзӣ алоҳида ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз15.03.с.2023, №1961).

Фоизҳои амонату пасандозҳо аз ҷониби Хазина ҷуброн карда намешаванд. Агар тибқи шартномаи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ сармоякунонии фоизҳо пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ ҷубронпулӣ аз рӯйи маблағи бақияи суратҳисобҳои амонату пасандозӣ пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.с.2023, №1961)

 Амонату пасандозҳое, ки бо пули миллӣ гузошта шудаанд, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд. Амонату пасандозҳое, ки бо асъори хориҷӣ гузошта шудаанд, аз рўи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рўзи ба вуқўъ омадани ҳолати суғуртавӣ муқаррар карда шудааст, бо пули миллӣ ҷуброн карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.03.с.2023, №1961).

Амонату пасандозҳое, ки дар суратҳисоби муштараки ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳамчун як амонату пасандоз дониста мешаванд ва ҷубронпулии суғурта ба соҳибони суратҳисоби амонату пасандоз бо ҳиссаҳои баробар ё ҳиссаҳое, ки байни онҳо мувофиқа шудааст, пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.с.2023,№1961).

Агар соҳиби суратҳисоби муштараки амонату пасандоз дар ташкилоти қарзӣ ҳисоби дигари амонату пасандоз дошта бошад, он гоҳ маблағи ҳиссаи пасандоздори амонату пасандози муштарак бо маблағи дигари ҳисоби амонату пасандоз якҷоя карда, ҳамчун як амонату пасандоз дониста мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.с.2023,№1961).

Агар пасандоздор дар ташкилоти қарзӣ дар натиҷаи муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ ё табдилёбии ду ё зиёда ташкилоти қарзӣ беш аз як суратҳисоби амонату пасандоз дошта бошад, он гоҳ маблағи ҳар як суратҳисоби амонату пасандоз ҳамчун як амонату пасандоз дониста, то рўзи пардохти амонату пасандоз ё маблағи суратҳисобҳо,агар бошанд, бояд алоҳида ҷуброн карда шавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.с.2023, №1961).

 Барои амонату пасандозҳои суғурташуда, ки аз рўи шартҳои онҳо муҳлати пардохт дар рўзи ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ фаро нарасидааст, муҳлати пардохт дар ҳамин рўз фарорасида ҳисобида мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.с.2023, №1961).

 Барои пардохти ҷубронпулии суғурта Хазина метавонад бо ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати хизматрасонии хазинавӣ созишнома бандад.

Шахсе, ки аз пасандоздор ҳуқуқи талаб кардани амонату пасандозро баъди фарорасии ҳолати суғуртавӣ соҳиб шудааст, ба гирифтани ҷубронпулӣ аз рўи чунин амонату пасандоз ҳуқуқ надорад, ба истиснои шахси воқеие, ки ҳуқуқи талаб кардани амонату пасандози аз рўи он ба пасандоздор ҷубронпулӣ пардохтнагардидаро бо тартиби мерос соҳиб шудааст. Меросхўр ҳуқуқ дорад аз ҳуқуқҳои пасандоздори фавтида, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, аз лаҳзаи ба меросхўр додани шаҳодатномаи дахлдори ҳуқуқ ба мерос ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи ў ба мерос ё ҳуқуқи истифодаи маблағҳои пулии меросгузор, истифода барад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1943; (Қонуни ҶТ аз 15.03.с.2023, №1961)).

 Андозаи ҷубронпулӣ, ки дар қисми 1 моддаи мазкур муайян шудааст, давра ба давра, вале на камтар аз як маротиба дар се сол бо назардошти раванди рушди низоми бонкию молиявӣ ва иқтисодии кишвар, дар сурати зарур шуморидан аз нав дидабаромада мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.с.2023, №1961).

Возврат к списку