Свифт
55 $
комиссияи интиқолСамт
тамоми гӯшаи ҷаҳон3 асъор
асъори интиқолАфзалиятҳо
Танҳо 2 ҳуҷҷат
шиноснома ва реквизитҳоБехатар
бехатарии маблағро кафолат медиҳемБартарият
интиқол аз суратҳисоб ва бе кушодани онМан метавонам ҳуқуқи гирифтани интиқоли пулиро ба шахси дигар диҳам?
Албатта. Танҳо он шахс бояд ба бонк ваколатномаро барои гирифтани маблағ пешниҳод намояд. Ин ҳуҷҷат бояд бо таври нотариалӣ, мувофиқи тартиботи аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда, тасдиқ шавад.
Барои гирифтани интиқоли пулӣ кадом ҳуҷҷатро пешниҳод кардан зарур аст?
Барои гирифтани интиқоли пулӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунед:
- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Чӣ тавр маблағи аз миқдори муқарраршуда зиёдро ба хориҷа ирсол намоем?
Барои интиқоли маблағи калони воситаҳои пулӣ, Шумо метавонед аз хизматрасонии интиқоли пулии низоми байналмиллалии SWIFT истифода баред. Барои дастрасӣ ба ин хизматрасонӣ, бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пайдоиши воситаҳои пулӣ пешниҳод шаванд.
Ҳангоми интиқоли фиристодаро баргардонидан/бозхонд кардан, чӣ бояд кард?
Барои баргардонидан/бозхонд кардани интиқол, шумо бояд ба нуқтаи интиқоли маблағ бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият муроҷиат намудан лозим.
Қабулкунандаи интиқолро мехоҳам иваз намоям, чӣ кор бояд кард?
Барои иваз намудани қабулкунандаи интиқол, шумо бояд ба нуқтаи интиқоли маблағ бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият муроҷиат намоед.
Дар кадом ҳолатҳо интиқолро боздоштан мумкин аст?
Интиқол метавонад дар ҳолатҳое боздошта шавад, ки агар санҷиши иловагии маълумоти ирсолкунанда ё қабулкунанда, ҳам аз ҷониби Бонк ва ҳам аз ҷониби низоми пардохтӣ зарур бошад.
Барои бекор кардани интиқоли маблағ чӣ кор кардан лозим аст?.
Бекор кардани интиқоли маблағ танҳо дар ҳолате сурат мегирад, ки агар низоми пардохт ба он иҷозат медиҳад.
Ҳалли баҳсҳо ва даъвоҳо.
Барои ҳалли баҳсҳо ва даъвоҳо, муштарӣ бояд ба идораи интиқол муроҷиат кунад ё ба Маркази тамос бо рақами 6565 занг занад.