19.03.2026
Тендер барои харидории таҷҳизоти серверӣ
ҶСП "Спитамен Бонк" оид ба интихоби таъмингари таҷҳизоти серверии DELL, CXD ва HDD озмун эълон менамояд.
Маълумоти бештарро доир ба талабот ва шартҳои иштирок дар тендер Шумо метавонед аз ҳуҷҷатҳои тендерӣ бо гузаштан ба истиноди зерин пайдо намоед: Муфассал
Дархостҳои тендерӣ мувофиқи ҳамаи талабот тартиб дода шуда, дар лифофаҳои муҳршуда бо қайди “Тендер оид ба интихоби таъмингари таҷҳизоти серверии DELL, CXD ва HDD барои ҶСП "Спитамен Бонк ” ба суроғаи зерин: Ҷумҳурии Тоҷикистон 734064, шаҳри Душанбе, кӯч. Б. Ғафуров, 45 ё дар шакли электронӣ ба почтаи: tender@spitamen.com ирсол карда шаванд.
Дархостҳо то санаи 31.03.2026 қабул карда мешаванд.